Изҳороти корманди бахши табъу нашри донишкада оид ба сохтмони НБО “Роғун” –сарчашмаи нур ва дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Бо оғози кори чархаи дуввуми азимтарин НБО “Роғун” дар минтақаи Осиёи Марказӣ умеди нави зиндагии рангину созанда ва бунёдкорӣ ба парвоз меояд. Бунёди НБО “Роғун” воқеан ҳам ба як иншооти калидии умумихалқӣ табдил ёфта, хурду калони ҷомеа дар атрофи Пешвои худ самимона муттаҳид шуда, ба сохтмонаш камар баст. То чӣ андоза ба аҳамияти бузурги иқтисодӣ бархурдор будани оғози НБО “Роғун”-ро сокинони вилоят ба хубӣ дарку эҳсос мекунанд, зеро бебарқии солҳои 2005-2009-ро ҳанӯз фаромӯш накардаанд.

Ҳамзамон, рӯшан аст, ки барқи муътадилу басанда доштан ин омили рушди иқтисодӣ, равнақи соҳоти гуногуни хоҷагии халқ аст. Мусаллам аст, ки мо – миллати тоҷик созандагиву тамаддунофариро дар ҳама ҳолату шароит ба иҷро мерасонем. Хушбахтона, имрӯз ва дар оянда низ «Роғун», ки ба майдони заҳмату созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ, шуҷоату матонат, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ мубадал ёфтааст, мояи ифтихор хоҳад буд.

Имрӯз хонадони ҳар як мардуми тоҷик нурборону  чароғон ҷило мезанад. Аммо хоинони давлат ҳамеша дилашон ва хонаашон торику шабашон пурзулмот ҳасту хоҳад монд. Аммо мо, мардуми шарафманд, фирефтаи суханони ин гуна афрод нашуда, дастгиру пайрави иқдомҳои Сарвари кишвар ҳастем, зеро маҳз талошҳои эшон буд, ки санаи 16 ноябри соли равон аввалин агрегати он ба кор шурӯъ намуд. Ин воқеаи муҳиму тақдирсоз барои мо тоҷикон иди бузург, ид болои ид омад. Ҳам ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам чархаи дуввуми НБО “Роғун” ба истифода дода шуд, ки воқеаи таърихӣ, фараҳбахш ва хотирмон мебошад. Зинда бод, миллати созанда бо Сарвари фидокор ва муътабари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *