Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбати суханҳои иғвогаронаи хоини миллат – М.Саддриддид

Мо кормандони кафедра тариқи расонаҳои хабар огаҳ ҳастем, ки имрӯзҳо яке аз хиёнаткори фирорӣ, собиқ аъзои ҲНИ Муҳммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чун солҳои қаблӣ худро “улмои дини мубини ислом” шуморида, мардумро гумроҳ кардан кӯшиш намуда истодааст. Масалан, дар ҳафтаи дуюми моҳи июли соли равон Муҳаммадиқбол дар яке аз барномааш худро боз “ҳақиқатҷӯ ва пуштибон”-и муҳоҷирон вонамуд карда, бо ин васила нисбати фаъолияти роҳбарияти олӣ ва мақомотҳои қудрати кишвар санги маломат зада, ғайбати беасос намуд. Бо баробари ин яке аз пайравони наҳзатиён Шарофидин Гадоев низ баромад намуда, доир ба мафҳуми терроризиму экстремизм нодуруст маънидод карда, суханбозиҳои ифротиро пешаи худ намуд.

Ба хоинони миллат – Муҳаммадиқболи Садриддин ва Гадоев Шарофиддин гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиашон номи Тоҷикистони азизро ба забон наоранд!

Мо устодони кафедра дар изҳороти хеш суханҳои хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳар як фарди боору номиси кишвар даъват ба амал меорем, ки ҳама якҷоя зидди хоинони миллат муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки М.Садриддин, Ш.Гадоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тӯҳмату ғайбат нисбати Тоҷикистони соҳибистиқол сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *