ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСИИ ДИС ДДТТ ВОБАСТА БА ФАЪОЛИЯТИ МУҒРИЗОНАИ ТТЭ ҲНИ

 Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тавассути васоити ахбори омма огаҳ ҳастем, ки тули солҳои охир роҳбарият ва пайравони  ТТЭ ҲНИ бо ёрии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи имрӯзаи Ҳукумат роҳҳои ғаразнокро пеша кардаанд. Ин гуруҳи бадхоҳони миллат, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дастури ҳоҷагонни хорҷиашон омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз фаъолияти муғризонаашо ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Воқеан кинаву ғарази бадхохоҳон  асосан дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Агар ин афрод, алалхусус Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ љоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Бояд ёдовар шуд, ки воқеан муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор бадхоҳони миллат хеле дур  ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд. Дар ҳақиқат таҳлилҳо собит менамояд, ки дасисакорию фитнабозиҳои ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ  ин шӯр овардани мардуми оддӣ ва ноороми кардани давлат мебошад. Вобаста ба фаъолияти муғризонаи  М. Кабирӣ гуфта метавонем, ки ӯ имрӯз дар Аврупо қарор дошта, шефтаи ҳадафҳои нопок ва ғарқи хаёлоти зишт дигар ҳама одаму оламро фаромӯш карда, танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи атрофиёну афзудани ҳаммаслакони худ аз разолату ҳасодат ва бешарафию бевиҷдониҳояшон нашармида, туҳмату буҳтонро силоҳ карда, барои амалӣ кардани ғаразҳои шахсӣ ва ё гурӯҳии хеш сафедро сиёҳ гӯён худро нафратзадаю расво мекунанд. Ин худбохтаю раҳгумзадаи замони мо то ба ҳадде гумроҳу зулматнишин шудааст, ки дигар ба шуълаҳои дурахшону мунаввари зиндагӣ нафрат дорад, дида наметавонад, қалби касифу тинати ношарифаш аз равшанию равшангароӣ ҳарос дорад.

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дар фарҷоми изҳороти хеш боз иброз медорем, ки  воқеан, мардуми сарбаланди мамлакат кайҳост, ки ҳила ва найрангҳои раҳбарияту ҳаммаслакони  ТТЭ ҲНИ-ро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватани хеш кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Мо фаромуш накардаем, ки танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки Сулҳ ва Ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *