Кабирӣ ташкилоти Паймони миллиро ташкил намуда аз вазифаи раиси ҳизб даст кашида бо ҳамин худро аз гуноҳҳояш озод карданист. Ин нохалаф аз фаъолияти гузаштаи худ чун ёрдамчии раиси Комиссияи оштии миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ёдоварӣ карда худро таърифу тавсиф мекунад. Кабирӣ хизматҳои худро чунон бузург тасвир кардааст,ки гӯё сулҳ карда бошад.
Илова бар ин, маҳз аз ҳисоби атрофиён ва котибони матбуотии М.Кабирӣ таъсис шудани чунин ташкилот », пеш аз ҳама ду ҷанба дорад. Ҷанбаи сиёсии масъала ин аст, ки дар ду соли охир М.Кабирӣ бо супориши хоҷагони охундии худ бисёр кӯшиш кард, то бо ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухолифи хориҷӣ як «эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик»-ро ташкил кунад.
Зеро хоҷагони ботаҷрибааш хуб дарк мекунанд, ки моҳияти иртиҷоӣ ва террористии ҲНИ рӯз ба рӯз ба ҷаҳониён ошкор шуда, дар оянда дастгирии рӯйирости ин ташкилот мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ташкили эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ ё ИНОТ-2 як навъ ниқобӣ демократӣ ба моҳияти террористии ҲНИТ мешуд. Вале худхоҳии М.Кабирӣ ӣ боис гашт, ки ташкилотҳое чун «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор», ки моҳҳо бо ҲНИТ дар бораи эътилоф музокира карданд, аз ин лоиҳа расман даст кашанд. Зеро ҳамагон мақсади шуми ин нақшаро дарк карданд ва нахостанд, ки бозичаи дасти наҳзатиён шаванд.
Аммо хоҷагони ҲНИ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреби чунин «анҷуман»-ҳоро намехӯрад. Аслан кайҳо вақти он расидааст, ки ин ҳизби моҷароҷӯ ва фитнагар агар заррае аз аҳли фарҳангу сиёсат бошад, пас, пеш аз ҳама маҳз ба ҳамин масъала биандешад,зеро 1000сол қабл Ҳакими Тўсӣ дар бораи чунин нохалафон хеле зебо гуфтааст: «Кӣ зангӣ ба шустан нагардад сапед».
Хулосаи матлаб ин, ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кўр-кўрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.