Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаи ихтисосии бунгоҳи таҳлилии “Ислоҳ” бо Равшан Темуриён, раҳбари ҳайати машваратии назди раиси “Паймони миллии Тоҷикистон” ба нашр расид, ки гуфтугузори зиёдеро дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба бор овардааст. Дар ин мусоҳиба Равшан Темуриён дар бораи нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳолати ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон, бурду бохтҳо дар нишасти САҲА ва ғайра фикру мулоҳизаҳои хешро иброз доштааст.
Мо аз он нигарон ҳастем, ки Равшан Темуриён бо далелу асноди носаҳеҳ вазъи имрӯзи кишварро нигаронкунанда ва дар ҳолати “вазъияти хатарноки инфиҷорӣ” арзёбӣ кардааст. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин суханони онҳо аз ҳақиқат дуранд. Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта истодааст ва нодида гирифтани ин пешравиҳо аз рӯи инсоф нест.
Мусаллам аст, ки ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои ғаразноки ҳаммаслакон ва иҷрои саривақтии супориши хоҷагони хеш тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, пас аз ин ҳама хиёнату кирдорҳои зишт, амалҳои сахту сангин барои миллат ва доғ овардан ба обрўи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дубора мехоҳад аз минбарҳои созмонҳои бунуфуз,аз ҷумла бо Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САҲА), ки онҳо аз кирдорҳои М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш огоҳӣ надоранд, худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед намояд.
Намояндагони ТТЭ ҲНИ мехоҳад бо риёкориву сохтакориҳо дар конфронси САҲА ва сомонаҳои иҷтимоӣ пардаи сиёҳро ба либоси сафед табдил дода, дар назди созмонҳои хориҷӣ худро бечораву бегуноҳ ва ҳамзамон рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, бо туҳмату буҳтон, сафсатаю дурӯғҳои фитнаангез мехоҳанд оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва Истиқлолияти комили миллиро халалдор намоянд. Бо назардошти чунин вазъ мо устодони кафедра ибрози ақида намуда, ба шаҳрвандони кишвар сидқан изҳор менамоем: дар айёми феълии зуд тағйирёбанда дар афкори ҷамъият тақозои онро дорад, ки баррасии онҳо дар ҷомеаҳои меҳнатӣ-мактабу донишгоҳҳо,коргоҳҳо, ташкилотҳо, маҳаллаҳо, шаҳру деҳоти мамлакат бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлат ва миллат пайванди қавӣ доранд. Қабл аз ҳама, набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст дод. Бахусус, таъмини суботи доимӣ дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон Тоҷикистон, мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа, тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои муосирро бояд андешид.
Ба масъалаҳои дар боло зикрёфта набояд сабукандешиву саҳлангорӣ кард. Танҳо ватандўстии комил, уфуқҳои тозаи хиради беинтиҳо, донишу тавоноӣ, фарзанди содиқи меҳан будан моро аз вартаи душвориҳо наҷот ва ҷониби ояндаи дурахшон роҳи мунавваре боз хоҳад кард.