Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба муноқишаҳои марзӣ

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазор маротиба таъкид месозанд, ки «… шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукр кунед, ки Ватани ободу осуда доред». Мо боварӣ дорем, ки ин таъкиди дилсӯзонаву оқилона барои ҳар як ҷавони бонангу номуси шиори зиндагӣ мегардад ва боиси баланд шудани ҳисси худшиносиву ватандорӣ мегардад. Шоири бузург Аблуқосим Лоҳутӣ хеле бамаврид гуфтааст:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?

Агар ҷавонони имрӯз байти болоиро аз худ мекарданду аз рӯи он амал менамуданду аз пайи ободии хонаву дар, кӯчаву маҳалла, мактабу муассисаҳои таҳсил кардаашон мешуданд, на қирғиз, на тотор, на каси дигар ба хоку оби Тоҷикистон бо ҳасаду чашми бад нигоҳ намекард.

Муноқишаи сарҳадӣ – ҳудудӣ дар қисмати ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворухи шаҳри Исфара таърихи тӯлонӣ дораду авҷу хӯруши он дар солҳои охир боиси ҳалокати чандин нафарони бегуноҳ шудааст. Масъулин ва сиёсатмадорони ҳар ду ҷониб ҷиҳати эътидоли вазъияти баамаломада кӯшишҳои зиёд карданд ва карда истодааст.

Чунин ҳолатро чанд ҷиҳати воқеъӣ аст, ки метавон якеро номбар сохт ва таҳлили сатҳӣ намуд. Баъд аз созишҳои роҳбарияти ҷонибҳо аз ҷониби масъулини Тоҷикистон бо мардуми кишвар вохӯриҳо доир гардида ба онҳо мӯҳтавои созиш фаҳмонида ва ба таҳаммулпазирӣ даъват карда мешаванд. Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ин тавсияҳои роҳбаронро мепазиранд ва мавриди амал қарор медиҳанд. Аз ҷониби масъулини Қирғизистон бошад ягон амали корбарӣ бо халқ дида намешаваду қирғизҳо ба иғвою найрангҳои якчанд нафар фирефта шударағми созишҳо мехӯранду масъулин чораандешӣ намекунанд. Эҳтимол меравад, ки сабаби ин ҳол аз пастфитратии масъулин ва фарҳанги ноҷояи халқи қирғиз чунин оқибатросоҳиб аст.

 

Имрӯзҳо баъди шикастани созишҳои сершумор аз ҷониби Қирғизистон месазад, ки ҷонибдорони созишу мусолаҳа дар сатҳи нафарони соҳибэътибори қирғиз бо гуфтугӯй ҷалб карда шаванду шояд бо роҳи ҷуброну ивазнамоии баробар ба муноқишаҳо дар сарҳад хотима дода шавад. Дар акси ҳол омодаем, ки марзу буми Ватани худро бо яроқу нисори ҷони хеш ҳифз намоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *