ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба иғвои навбатии  Ш.Гадоев

   Мо омузгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбати яке аз пайрави ТТЭ ҲНИ  Шарофиддин Гадоев  андешаҳои хешро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатиаш, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намудааст, сараввал онро маҳкум менамоем. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки Ш.Гадоев зимни баромадаш  оид ба ҳодисаҳои байни кишварҳои Руссияву Украина аз воқеяти ҳол ва сиёсати ин ду давлат хеле дур суханҳои носолими худро иброз намуд. Хотиррасон бояд кард, ки воқеан ин қазия сиёсати дохилӣ ва берунаи кишварҳои болозикр аст. Ба андешаи мо нисбати амалиёти махсуси низомии Россия ва мавқеи имрузаи Ҷумҳурии Украина сухан кардан нашояд, барои ин сиёсатшиноси асилу варзида будан лозим аст, ки ҳоҷат ба баён нест. Умуман баромадҳои қаблию навбатии Шарофиддин  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Бояд қайд кард, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намояд.

    Таъкидан боз такрор ба такрор гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди  Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.

Ба раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, гуруҳҳои ифротӣ ва умуман бадҳоҳони  миллат  таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли Шарофиддин Гадоев ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.

Мо омӯзгорони кафедра дар интиҳои изҳороти хеш гуфтанием, ки  мардуми сарбалани кишвар кайҳост, ки  найрангҳои ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ-ро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *