ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллат

Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳоротҳои қаблиамон нисбати бадхоҳони миллат, бахусус нисбати роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш, андешаи хешро борҳо иброз намуда, баромадҳои ифротиашонро шадидан маҳкум намуда будем. Ин навбат дар изҳороти навбатиамон баромадҳои ифротии роҳбарияту аъзоён ва думравони ТТЭ ҲНИ, ки асосан тавассути шабакаҳои ба роҳ мондаанд,онро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад. Воқеан бухлу ҳасад дар вуҷуди роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш, ки ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд, бори дигар собит менамояд, ки майнаашон олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ, умуман барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад.
Ҳодисаҳои гузаштаю имрӯза ҳамаи моро водор месозад, ки ба ҳар гуфтору рафтори роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони онҳо, мо бояд амиқан дуруст хулоса бароварда, баҳри мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он муборизаи беамон барем. Новобаста аз суханҳои пучу бемантиқ ва таҳдиду ҳаракатҳои раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва умуман бадхоҳони миллат, мо бо бовари комил қайд менамоем, ки имрӯз ҳар як фарди ҷоме бояд ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар намояд. Хулоса, ин буд андешаҳои хеш дар бораи натиҷҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризму экстремизм, ки воқеан дар маҷмуъ, хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиќона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *