ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ДИС ДДТТ доир ба маҳкум намудани гуфтору амалҳои хиёнаткору бадхоҳони миллат

Аз мушоҳидаву таҳлилҳои хеш мо устодони кафедра хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки солҳои охир хоинони миллат ба мисоли роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирии риёкор ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ”, “Ҳақ ва ботил” ва “Минбари муҳоҷир” таблиғи андешаҳои носолимро пеша намуда, барои барҳам задани уммеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрӯзаи мо кӯшиш доранд.
Имрӯзҳо Кабирию Муҳаммадиқбол тибқи супориши ҳочагонашон дар барномаи ифротии зикршуда aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн кӯшиш дорaнд. Вале, хоинони давлату миллат бояд дарк намоянд, ки сокинони кишварамон аз кирдорҳои разилонаи собиқ аъзоёни ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ оид ба амалҳои номатлуби навбатиаш низ воқиф мебошанд.
Бояд қайд кард, ки кулли мардуми Тоҷикистони азиз барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезони душманони миллат боз бар гирдбоди заволёбӣ афтад. Ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли си сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад.
Мо устодони кафедра рӯз то рӯз аз файзу самараи Истиқлоли давлатӣ баҳравар ҳастем, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрӯзу ҳамавақт амалҳои номатлуби хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *