Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ДИС ДДТТ доир ба филми мустанади «Хиёнат»

 

         Дар давоми моҳи сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи факултети молия ва қарз ва бо баробари ин дар соатҳои тарбиявӣ низ барои донишҷӯён филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур оид ба даст доштани ин ТТЭ  ҲНИ  ва роҳбари он Мухиддин Кабирӣ вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содиршуда буданд, бо далелҳои амиқ намоиш дода шуд. Бори дигар аз ҷониби хешовандони М.Кабирӣ аз ҷумла, додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳатто як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери танқиди шадид қарор доданд.

Мо омӯзгорони кафедра таъкидан Кабириро хотиррасон менамоем, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Вале имрӯз М.Кабирӣ бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.

Хулоса, пас аз тамошои филми “Хиёнат”, ҷавонон бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиа шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.

Боварӣ дорем, ки  ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории Истиқлолият, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *