Изҳороти кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои муғризонаи Азим Шерзамонов ва Давлат Маҳмадризобеков

Имрӯз аз ҷониби ватанфурўшони миллат, бо дастгирии хоҷагонашон бозии навбатиашонро дар Аврупо идома дода, бо ақидаҳои равияҳои тундгарою ифротӣ ва маҳаллгарои худ боз вазъи сиёсии кишвари азизамонро ноором кардан мехоҳанд. Аз ин рў, ҳар инсони худогоҳу хештаншинос ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ин ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинад, хомуш истоданаш аз рӯи виҷдон нест.

Афрод ва якчанд гурӯҳҳое, ки зодаи ҳамин Ватан ва модар ҳастанду аз обу хоки ин сарзамин ба воя расидаанд, баъди ба балоғат расидану мустақил гардидан на ҳаққи фарзандии ин Ватан ва на ҳаққи шаҳрвандии онро ба ҷо оварданд. Ба ҷои оне, ки баҳри ободонии ин хонаи муқаддас барои мо–тоҷикон хизмат кунанд, ин зархаридон ба хоҷагоне, ки пулу моли дунёро ба онҳо тақдим мекунад, ба ҳама кор тайёр ҳастанд.

Дар иртибот ба ин, баёнияи Алим Шерзамонов ва «генерал» Маҳмадризобеков Давлат-ро мисол овардан бамаврид аст, ки онҳо худро «ҷонфидои миллат» нишон дода, маҳаллгароӣ намуда истодаанд. Ин ҳолат оқибати хуб надорад! Бо баробари ин ба хотир овардан ба маврид аст, ки ҳамин хел бозиҳои сиёсӣ –маҳалгароии ифротии солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳуриамон чи бадбахтиҳое ба миён оварда буд. Имрўз набояд фаромўш кард!

Кирдору рафтори Алим Шерзамонов ва «генерал» Маҳмадризобеков Давлат аз ҷумла, маҳаллгароиашонро дида, сари андешае омада, қайд кардан ҳатмӣ аст, ки иддаои ин «ғамхорон»-и миллат идомаи мантиқии ҳамон андешаҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» мебошанд. Ин ҳизбу гурўҳҳои ифротӣ барои ҳадафҳои беарзиши худ мехоҳанд ҷомеаи ороми моро халалдор кунанд. Вале бехабар аз заҳматҳои фарзандони сарсупурдаи миллату давлат, ки барои Тоҷикистони навин чӣ дар илму фарҳанг ва чӣ дар иқтисоду сиёсат ва иҷтимоиёт миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд.

Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *