Изҳороти кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ оид ба амалҳои тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ

Тоҷикистон кишвари ободу озод ва дар ҳоли рушду инкишоф мебошад. Мардум хуб медонанд, ки ҳизби наҳзати ислом тайи чанд сол лиқои қалбакии худро пӯшида мардумфиребиро шуғл карда буд. Рукнҳои дини мубини исломро дар шакли ғалат тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепӯшиданд.

Вале имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ягон қадре ҳам саҳме нагузоштааст, ки инро вақт исбот намуд.

Аз фаъолияти ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.

ТТЭ ҲНИ хизби ноком аст, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надоранд ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд.

Мардуми Тоҷикистон ба ин ҳизби наҳзати ифротгар ва дигар ташкилотҳо ниёзмандие надорад. Мусаллам аст, ки ҷомеа ва кишваре, ки насли наврас ва ҷавононашон аз тарбияи муттассил дар каноранд, ояндаи хуб надоранд ва ҳамеша бо муноқишоту ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мебошад ва моро зарур аст, ки аз ин бешарафони бадтинат дурӣ ҷуста нагузорем, ки фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд кунанд, ба ҷомеаи орому солими мо зарар нарасонанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *