Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ шаҳри Хуҷанд оид ба намоиши филми ҳуҷҷатии  “Хиёнат”

 

Мо аъзоёни кафедра дар давоми моҳи ноябри соли равон дар толори калони маҷлисгоҳ, ва синфонаҳо дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни донишкада филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”тамошо намудем. Пас аз намоиши филми мустанади “Хиёнат” мо хулосаҳои хешро нисбати паҳлӯҳои фаъолияти таҳрибкорона ва кирдорҳои нобахшидании роҳбару аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом иброз намуда, қайд менамоем, ки рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИ ва роҳбари он- М.Кабирӣ аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст.

Воқеан филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои собиқ ҲНИ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Мо аъзоёни кафедраи забонҳои тоҷикӣ пас аз тамошои филми мустанад “Хиёнат” рафтор пайравони ТТЭ ҲНИ маҳкум карда, иброз медорем, ки ҳар яки моро имрӯз зарур аст, баҳри гул-гулшукуфоии ватанамон ҳамеша саҳм гузорем. Ҳамчун пайравони асил ва ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон қадамҳои устувор гузорем. Ҳамчун давомдиҳандагони ташаббусу иқдомҳои Пешвои муаззами миллат баҳри ободкориву созандагӣ талоши бештар намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *