Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷиқӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбати конфронси барзуоргардидаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  дар шаҳри Варшава

 

Мо омӯзгорони кафедра нисбати баргузории вохурию конфронсе,  ки дар шаҳри Варшава дар бинои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор шуда истодааст, ибрози ақида менамоем. Вобаста ба ин суолҳои зиёд ба миён меояд, ки чаро намояндагони  ТТЭ ҲНИ иштирок доранд. Барои чӣ имрӯз ин ташиколи бонуфузи байналмилалӣ, ки мақсади асоси он барои таъмини бехатари ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, гурӯҳҳои низоангези ҷомеаро дар ин нишаст ҷой дода истодааст. Ё магар аз ин гуруҳи ифротӣ манфиатдор мебошад?  Хотирррасон мекунем, ки воқеан ТТЭ ҲНИ на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои бонуфуз низ гуруҳҳои терорристию экстремистӣ эълон карда шудааст. Таъкид кардан бамаврид аст, ки ташкилотҳои байналмилалӣ танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, алалхусус  амнияти кишвар мебошад на ин ки барои ҳимояи гуруҳҳои терористию ифротгароӣ.

Бинобар ин имрузҳо аз ҳар шаҳрванди кишвар таъкид бар он карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудани ташкилотҳои байналмилалӣ низ ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд,  муборизаи беамон бояд бурд. Бо баробари ин пайваста барои ҳифзи якпорчагии кишвари азизамон кӯшиш намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *