Изҳороти кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва тарбияи ҷавонони саодатманд дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ

           Мо, аҳли устодон ва кормандони кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ вобаста ба вазъияти имрӯзаи сиёсии мамлакат чунин изҳор менамоем, ки аҳли зиё ва алалхусус ҷавонони равшандил набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои ифротгаро шаванд.

Мо ҳамчун устод ва тарбиятгар ҳамеша кӯшиш мекунем, ки мардуми мо пайрави аз мазҳаби аҷдодӣ дошта, шахсони ғаразнок, мардуми бемазҳаб ва амсоли онҳо ақидаи динии моро фасод насозанд, одамонро барои ҳадафҳои  худ қурбон накунанд. Алъон фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, ҷои хандаву суруду бозӣ, рақсу хушнудӣ фазои мамлакатро  гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад.

Дар қолаби бозиҳои пушти пардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористӣ хонадани ҲНИ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ва стратегияашон нест, бинобар ин аз қабули он имтиноъ меварзанд. Гузашта аз ин, барои террористи мазҳабӣ миллату халқият бегона аст, танҳо аз идеали худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнагӣ устувор шудааст, фахр менамоянд. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе мамолики аврупоӣ бо терроризми исломӣ ба  он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломӣ тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар ва фарохтар  мекунанд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тараққиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аҳд бастанд ва ба хотири сулҳу салоҳи кишвар ба ҳамаи онҳо мансабу вазифаҳои баланд доданд,  аммо мутаассифона ин тоифа аз ҳалимии сарвари давлат истифода бурда, бори дигар хостанд хунрезӣ кунанд.

Дини мубини ислом ба халқу Ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ба озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *