Изҳороти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ оид ба суханронии М. Кабирӣ ва иғвову дасисаҳои зиддидавлатии бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Ҳафтаи гузашта роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ, ки имрӯз худро гӯё сарвари “Паймони миллии Тоҷикистон” мешуморад, тавассути шабакаи интернетӣ ба тамос баромада, боз ба ҳиллаву найранг ва иғвову дасисаҳои зиддидавлатӣ, ҷудоиандозӣ, лофзаниву гилагӯиҳо, сиёҳ кардани сарварони Тоҷикистон пардохт.

Нафароне, ки гуфтугӯи ин шахси дурӯяро шуниданд ба хубӣ пай бурданд, ки он ягон гуфтугӯи ошкоро набуда, як навъ найрангу қаллобии сиёсӣ, тарғиботи навбатии зиддидавлатӣ ба мақсади таҳрифи ҳақиқат, тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба миллати тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиаш мебошад, ки ба ин васила мехоҳад дар бораи мавҷудияти худ ва созмоне, ки мисли ӯ ҳазорон маротиба паймон шикаста боз даъвои паймони миллӣ мекунанд, сару садо барорад.

Яке аз лагандбардорон, лаббайгӯй, ҳаммаслаки Кабирӣ – Саидюнуси Истаравшанӣ, ки ӯро дар зодгоҳаш чун як шахси радди марака, беимон, бадахлоқу хоин, ки тамоми хонавода ва зану фарзандашро ба рӯзҳои бад гирифтор карда, имрӯз назди охундҳои эрониаш паноҳ бурдааст, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамон сӯҳбати пучу супориширо “таҳлил, ташреҳ” намуда, сарохунди худро ба осмони ҳафтум баровардааст.

Кабирӣ дар он сӯҳбати муғризона аз худ “донишманди бузурги сиёсат” тарошида, дар бораи ахлоқ, фарҳанг сӯҳбат мекунад ва ба Саидюнус маҳз ҳамин донотарошии устоди маънавиаш мақбул аст.  Дар шарҳу тавзеҳоташ Саидюнус аз рӯи зарфияти дониш, ақлу идрок ва ахлоқи фурӯмояи худ бори дигар чеҳраи аслии худро чун душмани оштинопазири миллат, давлати Тоҷикистон ошкор намудааст.

Мутафаккире фармудааст, ки “ту ба ман дӯстонатро бигӯ, ман ки будани туро ба ту мегӯям”.

Мо ҳама гуна амалҳои пасипардагии бадхоҳони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардум ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори душманони миллат дар хориҷи кишвар намегарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *