Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бонуфузтарин пойгоҳҳои хабарӣ гузоришҳое пахш гардид, ки дар он ТТЭ ҲНИ дар куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара гунаҳкор меҳисобанд. Аз ҷумла, Радиои “Озодӣ”, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Радиои “Озодӣ” бо такя ба мусоҳибаи роҳбари ҳамлагарон Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) ба РИА “Новости” гуфт, ин ҳамла бо мақсади “пойин бурдани шаъну шарафи Тоҷикистон байни ҲНИ ва ДОИШ мувофиқат ҳосил шудааст.” Рӯзи 21 ноябр “Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои “Озодӣ” ва “Садои Амрико” – низ бо такя ба ҳамин мусоҳиба ҲНИ-ро ба даст доштан дар ҳамлаи Данғара айбдор карданд.
Ҳодисаи мудҳише ки бо сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара рух дод, тамоми халқи тоҷикро ғамгин кард ва барои тоҷикистониён хеле нанговар мебошад. Аз ҷониби гурўҳи ҷинояткор ба ҳалокат расонидани чанд нафар сайёҳон хеле ҳодисаи нангин буда, чун амали террористӣ маҳсуб меёбад. Ин амали ноҷавонмардонаи душманони миллат обрўю эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ коста гардониданаш аз эътибор холӣ нест. Ҳамарўза дар саросари кишвари азизамон ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб ва ғайриқонунӣ мунтазам тадбирҳои зиёди сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиботӣ гузаронида мешавад, ки барои кам кардани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.
Амали номатлуб ва хоинонаи гурўҳи ҷинояткор бори дигар тамоми халқи тоҷикро ҳушдор намуд, ки байни мо ҳоло ҳам одамоне ҳастанд, ки тинҷиву оромии Тоҷикистонро намехоҳанд, мекўшанд бо ҳар гуна амалу рафтор халалдор шаванд. Ҷоиз ба қайд аст, ки кишвари азизи мо рўз аз рўз дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодааст, байни давлатҳои тамоми ҷаҳон обрўю нуфузаш афзун мешавад, дар ҳаёту зиндагии халқ сулҳу субот танинандоз аст, аз ҷониби ҳукумату давалат баҳри беҳбудии ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон шароитҳои мусоид фароҳам буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо кафолат дода шудааст. Инчунин, мустаҳкам шудани муносибатҳои байналхалқӣ ва зиёд шудани давлатҳои дўсту ҳамкор душманони халқро ба ваҷъ овардааст. Онҳо бо ҳар восита ҳар лаҳзаи ҳаёту зиндагии хушбахтона ва осоиштаи миллатро помол карданӣ мешаванд. Лекин падидаҳои номатлуб ва амалҳои ғаразонаю нопок ҳеҷ гоҳ мақсадрасон нест.
Мо устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ ин амали ҷинояткорона ва рафтори ношоистаро маҳкум мекунем. Ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон корбарӣ намуда, ҳисси ватандўстӣ, инсондўстӣ ва ваҳдатгароии онҳоро устувор гардонем, то ки ҳар яки онҳо ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти кишвар ҳиссагузор бошанд.