ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбати Кабирӣ, ки дар ҷаласаи навбатии  САҲА суханронӣ менамояд

 

Мо, омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ нисбат ба Кабирӣ ва вобаста ба ҷаласаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ,ки дар шаҳри Варшава рузҳои наздик баргузор мешавад, ибрози ақида менамоем. Доир ба ин масоил  суолҳои зиёд ҳасту ба миён меояд, ки масалан чаро намояндагони  ТТЭ ҲНИ, бахусус раҳбари он Кабирӣ  қаблан дар ҷаласаи САҲА иштирок дошт. Тибқи расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки ҷаласаи навбатии САҲА,  санаи 5 октябри соли равон дар ҳудуди Лаҳистон (Полша) баргузор мешавад, ки Кабирӣ мехоҳад асосан оид ба масоили қазияи Бадахшон ва ҳабсу фирори рӯзноманигор суханронӣ  кунад. Мо дар иртибот ба ин, фикр мекунем, ки набояд САҲА ба Кабирӣ, ки яке аз роҳбари  ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, иҷозат диҳад.  Фаъолият ва  мақсади асосии ташиколоти  байналмилалии зикршуда барои таъмини бехатари ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Вале, бояд ёдовар шуд, ки қаблан САҲА бо сабабҳои номуайян гурӯҳҳои низоангези ҷомеаро дар ҷаласаҳояш ширкат варзидан иҷозат дода буд, аз қабили ТТЭ ҲНИ . Пас аз ин суол ба миён меояд магар САҲА аз ин гуруҳи ифротӣ манфиатдор аст?

Хотирррасон мекунем, ки воқеан ТТЭ ҲНИ на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои бонуфуз, ба мисоли аз ҷониби Федератсияи Русия, санаи 14 сентябри соли равон ба руйхати гуруҳҳои терорристию экстремистӣ ворид карда шудааст. Таъкидан бори дигар қайд менамоем, ки САҲА танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, алалхусус  амнияти кишвар мебошад на ин ки барои ҳимояи гуруҳҳои терористию ифротгароӣ.

         Мо, омӯзгорони кафедра, бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, қайд менамоем, ки воқеан таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори рахбару пайравони ТТЭ ҲНИ  ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки  хиёнаткори милат Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш дар шабакаҳои иҷтимоиву минбарҳои ташкилоти байналмилалӣ  нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *