ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ доир ба андешаи носолими душмани миллат – ТТЭ ҲНИ

Мо омӯзгорони кафедр хуб огоҳ ҳастем, ки ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як ангезаи глобалӣ табдил гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад. Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Чунончӣ думани давлату миллат- ТТЭ ҲНИ ва дигар равияҳои ифротӣ мисол шуда метавонад,ки мақсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад. Умуман ҳама гуна даъвоҳои фирориёни ин ҳизбу гурӯҳи мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки ташвиқу тарғиботи аъзоёни ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар намудан кӯшиш доранд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бинобар ин ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад. Бояд воқеъбинона дарк намояд, ки ҷавонӣ як бор насиби кас мегардад. Агар онро пайи омӯхтани илму ҳунар, кирдори нек ва хидмати халқ гузаронанд саодатест, вагарна умри зоеърафтаро баргардонида намешавад, ё дигар онро наёбӣ. Дар ин маънӣ Саноии Fазнавӣ хеле хуб гуфтааст:
Некӣ кун агар туро дастрас аст,
К-ин олам ёдгори бисёр кас аст.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳодисаҳои хунину харобиоваре, ки моҳҳои охири соли равон Афғонистон, бахусус дар бист рӯзи моҳи октябр 5адад амалҳои террористӣ содир шуда, 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён ба қайд гирифта шудааст, амалҳои нангине мебошанд, ки ба ҷуз даҳшату нифоқ ва нафрат дигар натиҷае намеоранд. Ва рӯйдоде, ки бо дастгирӣ ва кӯшиши баъзе бадномсозони ислом ба амал бароварда шуда ва ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин “Давлати Исломии Ироқу Шом” (бо номи ихтисории “ДИИШ”) ва “Ал-Қоида” мебошанд. Дар айни ҳол ДИИШ ва “Ал-Қоида” дар Афғонистон барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад. Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки алҳол раҳбирияту пайравони ТТЭ ҲНИ авзои кунунии Афғонистонро истифода бурда, зимни баромадҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масъалаи нерӯҳои ҳаракати “Толибон» ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда, мехоҳанд, дар ҷомеаи имрӯза таҳлука барангезад. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем.
Дар фарҷоми изҳороти хеш ёдовар шуда, қайд менамоем, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90 уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *