ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ доир ба амали иғвоанегзонаи Гурўҳи-24

Мо, устодони кафедра аз расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем,ки имрўзҳо инчунин ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо ҳаракати ифротӣ, аз ҷумла бо номи Гурўҳи-24 ва дигар равияҳо пайдо шуданд, ки мисли ТТЭ ҲНИ дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон ҳарф мезананд. Ашхоси дурӯя, хоин Беҳзод Тағойзода бо кўмаки хоҷагону душманони миллат барнома бо номи “Садои мардум” таъсис дода, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Аз фаъолияти чандсолаи ин гурўҳи бадкор маълум аст, ки онҳо ҳеҷ созише на бо мардум ва на бо ҳукумат надоранд, ҳадафашон тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Ин афроди ҳасадхур  ва дигар ифротгароён намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст! Аммо, Беҳрўзи Тағойзода баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ба ҷойи ин корҳои  иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда, барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуд. Баробари ин ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кўшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хоса пайдо мекунад. Вале, баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *