Сафари навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси хурсандиву ифтихормандии аҳолии Бадахшон ва кулли кишвари маҳбубамон гардид. Зеро қадами мубораки Пешвои Миллат ба ҳар макони Бадахшон расид, он ҷо ободу зебо гашт.
Мутассифона, чанд муддатест, ки дар атрофи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд ва дар нишасти солонаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ иштирок намудаанд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.
Пешвои миллат зимни сафари кории хеш ба ВМКБ чандин иншоотҳои навсохтро ифтитоҳ намуда, бо мардуми навоҳии гуногуни Бадахшон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Фаъолияти яке аз бузургтарин донишгоҳҳои минтақа – Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро худи Президенти мамлакат ифтитоҳ намуд. Новобаста ба номусоидии обу ҳаво ба дурдасттарин ноҳияи кишвар – Мурғоб сафар намуда, аз ҳоли мардуми он ҷо хабардор шуданд. Бо мардуми Мурғоб суҳбати доманадоре барпо намуданд. Ин кор як таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст, ки мунтазам идома дода мешавад ва ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
Дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорӣ ва хусусан паҳн гардидани маводи мухаддир дар вилоят хотима дода шавад. Ҳама гурӯҳҳои расмию ғайрирасмӣ бояд ба қонун итоат кунанд, ба ягон нафар имтиёз дода нашавад, зеро ҳама дар назди қонун баробар мебошанд. Барои ислоҳи вазъият дар Бадахшон, решакан намудани ҷинояткорӣ ва ба тартиб даровардани вазъи ҳуқуқӣ ба масъулини соҳа як моҳ муҳлат дода шуд.
Изҳори нигаронии роҳбари давлат дар хусуси зиёдшавии шумораи нашъамандон, фавти онҳо, сироятёбии бемории ВНМО, паҳншавии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, убури ғайриқонунии сарҳад, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, қочоқи маводи мухаддир бесабаб нест. Мо набояд як макони биҳиштосо, як гӯшаи афсонавии кишварро ба фано барем. ВМКБ дарвозаи тиллоӣ, муаррифгари номи тоҷик, кишвари Тоҷикистон, дар арсаи байналхалқӣ мебошад.
Албатта, мақомотҳои дахлдори ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки баҳри пешгирии паҳншавии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб байни мардуми бошарафи Тоҷикистон аз тамоми воситаҳо истифода намоянд. Бетафовутӣ нисбати чунин кирдор баробар ба хиёнати ватан аст. Ҳар таҳдиде, ки ба амнияти давлат ва ҷомеа аст, ки бояд бартараф карда шавад.
Мо ҷонибдори сиёсати Ҳукумати кишвар ҳастем ва боварӣ дорем, ки иқдомҳои Пешвои миллат ба манфиати кор буда, барои ободию осудагии ватанамон замина фароҳам меоваранд.