Изҳороти кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти кунунии ТТЭ ҲНИ ва андешаҳои муғризонаи намояндагони он

Мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳангоми ба таври расми фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд!. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағузори қарор гирифта, супоришҳои ҳоҷагони ҳориҷиашро иҷро мекард. Воқеан, ТТЭ ХНИ – дар Осиёи Маркази ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор рафта, мақсади асосии он ба ҳамагон маълум аст. Мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки боз Муҳиддин Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун ватанфурўш бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамонро нафаҳмидаву наомўхта, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Нисбати роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ў  ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурўшад. Чунин шахсиятхо хеч гох ба манфиати халку Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин чост, ки М. Кабирӣ ва хаммаслакони махз бо дастгирии молиявии Эрон меход, сохти конститутсиониро фалач гардонад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ ба хадафи нопоки худ  нахохад расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд. Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд. Имрўз он ҳама давраҳои  вазнин  паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад.

Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *