ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ДИС ДДТТ БА ПЕРОМУНИ ҲАВОДИСИ РӮЗҲОИ ОХИР ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВМКБ

Мо устодон кафедра перомуни ҳодисае, ки таи се рӯзи охир дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ оид ба қазияи сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки Гулбиддин Зиёбеков қаблан барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт. Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушодааст. Ҳаммаслакони Г. Зиёбекови ҷиноятпеша аз ин ҳаводис истифода бурда, дар шаҳри Хоруғ ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Мутаассифона, аз қафои чунин шахсони алоҳидаи иблиссифат ва ҷинояткор, ки намехоҳанд имрӯз давлати гулгулшукуфони азизамон тинҷу оромона пешравӣ кунад, ҷавонони ноогоҳ низ ширкат доранд. Ба ин афрод таъкидан хотиррасон менамоем, ки Зиёбеков Г.З. гурӯҳи ҷиноятпешаи худро дошт ва онҳо намояндаи мақомоти қудратӣ, яъне ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. – ро санаи 1 феврали соли 2020 гаравгон гирифта дар деҳаи Барҷангал 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дод. Маълум аст, ки Зиёбеков Г. ва ҳаммаслаконаш бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташакккил ҳимоят шавад!
Воқеан фаъолияти мақомотҳои қудратӣ нишонаи зиндагии орому осоиштаи ҳамагон аст!.
Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони ноогоҳу гумроҳшудагон ин минтақа бояд бинонад ва хулосабарорӣ кунанд , ки рафтору гуфторашон аз Толибон фарқияташ дар чист! Ба дасисаву дурӯғ дода нашаванд!
Хулоса ба гапи ду се сагбачае, ки дишаб дар пахши мустақим қабат – қабат гӯшт гирифта хурсандӣ мекарданд ва шуморо ба ҷинояту ҷинояткорӣ тела мекарданд, худро бадном насозед. Дар хориҷи кишвар ба тазоҳуротҳо баромада обрӯю нуфузи тоҷику Тоҷикистониро паст назанед? Чӣ лозим аст, барои рафтан назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон ва назди бинои СММ?! Магар муаммои кӯчаки дохилии моро СММ ҳал мекунад?! Магар бегона омада омада низои моро ҳал кунад ё дахолати ҳалкунӣ намояд шарм намекунед?!
Ба ёд оред, эътирозҳо дар майдони “Шаҳидон”, ҳаракату ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби наҳзати ислом, Растохез, Лаъли бадахшон ва ғайраҳо , ки ба чӣ гуна кулфатҳо мардуми моро рӯ ба рӯ намуд.
Аз ин рӯ, аз тамоми мардуми боору номус ва ватанпарвари Бадахшон даъват ба амал меоварем, ки ин амали ҷавонони ноогоҳро пешгирӣ кунанд, то онҳо обрӯву эътибори мардуми моро дар арсаи байналмиллаӣ паст назананд.
Ҷавононе, ки имрӯз ба иғвою фитна ва дасисабозии ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дода шуда гумроҳона дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд ва саркардаи гирдиҳамоӣ, бахусус гурӯҳи ҷинояткорони муташаккил сабабгорон тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Баробари ин дар интиҳои изҳороти хеш гуфтанием:
– биёед давлати орому осудаи худро нотинҷ насозем, мардуми Бадахшон меҳнатдӯсту ватандӯст ҳастанд ва саҳмашон ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст;
-барои пойдор мондани сулҳу субот, биёед сарҷамъ шавем, ба қадри ин неъмат бирасем, ки нав 30 сола шудем. Ҳамон дурӯғу дасисабозиҳои солҳои 90-уми асри гузашта бас аст.
-биёед ҳама якҷоя якдилонаву якқавлона ба гирди давлату ҳукумат, роҳбари хирадманду боандеша ва ватанпарварамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, аз як гиребон сар барорем, пайравони сиёсати сулҳофаронаи ин абармарди таърих бошем.
Нест бод тундгароӣ ва ҷудоиву нохалафиву гирдиҳамоӣ!
Поянда бод Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ!!!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *