ИЗҲОРОТИ кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ дар мавриди сафари Пешвои миллат ба Аврупо ва андешаҳои носипосонаи бадхоҳони миллат

Мо, устодону шогирдони кафедраи муносибатҳои байналмилаӣ таъкид карданием, ки хоинони миллати тоҷик аз қабили Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешагон, Ҷунбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ яқин бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Мурдуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии хоҷагонатон анҷом додед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдиливу ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд. Шумо бадхоҳони миллат фаромӯш накунед, ки мо миллати тавоноем ва арзиши Истиқлолиятро, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмату машақати зиёд ба даст овардаем медонем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Мо аз ин миллати баруманди худ ифтихор дорем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат менамоем.

Дар саҳифаи “Ахбор”-и шабакаи иҷтимоии facebook маводи кӯчаке зери унвони “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” интишор ёфтааст, ки аз иттилои мазкур бешубҳа аён мегардад, ки он аз ҷониби хоинони миллат ва ташкилотҳои экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ва  паймони миллӣ таҳия ва паҳн гардидааст.

Бо такя ба манбаъҳои иттилоотӣ гуруҳи хиёнаткор зикр менамояд, ки Сарвари давлат ҳафтаи оянда ба чанд кишвари Аврупо сафар мекунад. Кори Президент аз Швейтсария оғоз ва Фаронсаву дигар кишварҳои Аврупоро фаро хоҳад гирифт…

Аммо сухан дар сари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нестанд, ки ба ин ё он кишвар сафар намоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Мо устодону донишҷӯёни кафедраи муносибатҳои байналмилалии донишкада боварӣ дорем, ки  ки сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сафарҳояшон самарабахшу бобарор хоҳад буд ва тамоми қувваю тавоноиашон ба манфиати давлату миллат масраф хоҳад гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *