Намояндаи созмони байналхалқии “Дифо аз ҳуқуқи инсон” (Хьюман райтс вотч) Стивв Свердлов, хабареро таҳти унвони “Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: бад буд, бадтар шуд” интишор намуда, дар бораи поймол шудани ҳуқуқи рӯзноманигорон, ҷонибдорони мухолифини Ҳукумат ва хешовандони онҳо, фишор ба дигарандешон, озодии гирдиҳамоӣ, озодии баёни андеша, озодии дин ва ғайра ҳарф задааст. Ин паёмакро низ мисли дигар хабарҳои шум, хулосаҳо ва андешаҳои муғризонаи баъзе созмонҳои байналхалқии ба ном ҳимоятгари ҳуқуқу озодии инсон, вале дар асл таблиғгарони хусумат, хушунат, тахрибкорӣ, кинаву адоват дар ҷомеа чизи беш шуморидан хатост.
Свердлов андешаи Шумо ягон асос надорад! Шумо ҳеҷ гоҳ ба тинҷиву осудагиии мо ҳақ пайдо карда наметавонед, ки халалрасон бошед! Фикру андешаҳои Шумо аслан барои мардуми тоҷик аҳамият ҳам надоранд!
Ба назар чунин мерасад, ки дар ҳақиқат, имрӯз ба гуфти муаллиф ТТЭ ҲНИ лухтакеро мемонад, ки бозичаи дасти бегонагон гаштааст. Аслан пайдоиши ин ҳизб низ ҳамин гуна характер дошт. Дар тамоми давраи фаъолияташ шояд ин ҳизб мақсадҳои ғаразнок мепарварид. Инро дар мисоли ана ҳамин гуна ҳамоишоти бемаъно ва беасос метавон мисол овард!
ҲНИ аслан намехоҳад, ки айбашро иқрор шавад. Аз ин сабаб, беасосу бедалел ва бо ҳар гуна имконот мехоҳад мақомоти Тоҷикистонро, ки бо ҳуқуқи инсон сару кор доранд, муттаҳам созад. “Бой” додани мавқеи сиёсиашро тан намегирад. Пас, афроде мисли Стив Свердлов гӯё барои онҳо “ҳакамони ростқавл”-еро мемонанд, ки сиёсатро ба бозиҳои варзишӣ табдил дода, “одилона ҳакамӣ” мекарда бошанд. Ҳамаи ин, албатта, ифратомез ба назар мерасад.
ҲНИ на танҳо дар арсаи сиёсат, балки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ низ мавқеашро пайдо карда натавонист. Бо “усулҳои аврупоӣ” пеш гирифтани мақоми иҷтимоиро шояд аз мақсадҳои аслии худ қарор додааст. Бешубҳа, ин омил ба Стив Свердлов барин иғвогарон чӣ гуна хуш меомада бошад?! Ба андешаи муаллиф сад дар сад розиям инҳо на балки таҳлилгар, балки таҳмилгаро ҳастанду бас!
Фолбиниҳои Стив Свердлов оид ба бад будан ва бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамон мақолеро ба ёд меорад, ки оина дар чашми шахси каҷбин каҷ метобад.
Стив Свердлов дар асоси ҳадсзании бофтаву сохта, хаёлу гумони ботил мехоҳанд, ки ҷомеаи ороми кишвари моро халалдор созанд, вазъиятро муташанниҷ намоянд ва ба ҳамин васила мақсаду ниятҳои нопокашонро амалӣ намоянд.
Мо андешаву афкори ҳама гуна созмону ташкилотҳоеро, ки зидди манфиатҳои миллӣ садо баланд мекунанд, маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки барои мардуми тоҷик иттиҳоду ҳамдилӣ ва сулҳу суботу оромӣ беҳтарин дастовард маҳсуб мешавад.