Изҳороти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои муғризоани Ш. Гадоев

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни ҳаводиси охири кишвар ва бозгашту боз аз нав ба аврупо рафтани Ш. Гадоев маводҳои иғвобарангез ба нашр расида истодаанд. Аммо мардум фирефтаи ин гуфтаҳо намегарданд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд бадхоҳе дар ҳаққи давлату миллат суханҳои носазо гӯяд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кориашон барои сулҳу суботи кишвар ҳамеша аз гуноҳи онҳое, ки сидқидилона изҳори тавба карда авф мепурсанд,  гузашт карда, имконияти аз саҳифаи нави тоза фаъолиятро ба ин гумроҳшудагон доданд. Вале ин хоинон бошанд, бахусус аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва Шарофиддини курнамак ба қадри авфу бахшиши гуноҳ нарасиданд.

Баъзе аз ватанфурушон, ки ҳамеша бар зидди сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, баъди авф гардиданд боз ҳамон фаъолияти ифротии худро идома медиҳанд. Аз ҷумла ҳамоҳангсозӣ “Анҷамуни ислоҳот ва рушд”  Шарофиддин Гадоев баъди бозгаштан ба Аврупо фаъолияти ҷиноии худро давом дода,  аз шаҳри Амстердам тариқи онлайн ба гуфтугӯи мустақим баромадааст.

Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони саодатманду соҳибмаърифати кишвар фирефта ва гирифтори доми ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мамнӯъ нагашта, баҳри боз ҳам ободтару шукуфонтар намудани Ватан камари худро устувор мебанданд. Кишвари маҳбубамонро барои ояндагон намунавӣ месозанд, то онҳоро бо некӣ ба ёд оранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *