Изҳороти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ оид ба нишасти САҲА дар Варшава

Мо фаъолияти пасипардагӣ ва бадхоҳонаи  ТЭТ ҲНИ сахт маҳкум менамоем. Мо хуб медонем, ки баъди баргузории гирдиҳамоӣ дар Олмон дар мусоҳибаи худ раиси ТЭТ ҲНИ нисбати Тоҷикистон бадгӯиҳои беасос карда, ба танқиди кишвар мепардозад. Боз баъди чанд рӯзе, як конфронси дигар баргузор мегардад, дар Варшава юо ибтикори САҲА, ки дар он роҳбарони ТЭТ ҲНИ низ даъват шудаанд.

 9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чун анъанаи дерина интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд.

Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронстро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳикоя кунад. Аҷиб ин аст, ки аз 57 давлати аъзои САҲА 13 кишвар инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) шомиланд, ки ҳизби мазкурро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо масоҳати умумии 4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ аз ҷумлаи се ҳазор нафар террористонест, ки ба Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил карда шудааст.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст.

Мо фаъолияти ТЭТ ҲНИ маҳкум менамоем ва ташкилоти САҲА эътимоду боварии мардуми тоҷикро аз даст додааст. Зеро дар Аврупо минбар додан ба чунин гуруҳҳои ифротию террористӣ аслан қобили қабул нест ва бояд сари ин масъала роҳбарони дафтари САҲА  андеша намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *