Изҳороти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ вобаста ба кирдорҳои иғвогаронаи М.Садриддин ва Ш.Гадоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо, устодони кафедра тариқи васоити ахбори умум бохабар ҳастем, яке аз пайравони сиёҳдилу бадкинаи ҲНИ Муҳамадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев имрӯз дур аз ватан дар пушту паноҳи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳанд, ки боз бо кирдорҳои иғвогаронаи худ дасисаҳои наве барпо карда, кишвари ороми моро ноором созанд. Чунончӣ, санаи 7 июли соли равон М.Садриддин тариқи сомонаи иҷтимоӣ зимни баромад доир ба масоили муаммои муҳоҷир суханҳои сафсата намуда, бо ин роҳ  шаъну шарафи роҳбарияти давлату мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварро паст задан кӯшиш намуд. Инчунин Гадоев Ш. низ баромад намуда, ба ҳамагон сараавал калимаи терроризм ва экстремизмро нодуруст шарҳу эзоҳ дода, нисбати роҳбарони давлат суханҳои бардуруғу ноҷоя баён намуд. Дар рафти барпомадаш он афроде, ки ба ӯ суол дода буд, ба посухи он чун солҳои 90-уми асри гузашта мардумро ба мубориза даъват намуд. Лозим ба ёдоварист, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар яке аз баромадҳояш  ҳамин гуна даъват ба амал оварда буд. Хулоса ақидаи амалу мақсади наҳзатиён ба ҳамагон маълум аст. Ҳадафи иғвоангезонаи Муҳмадиқбол ва Шарофиддин, умуман наҳзатиён ба ҳамагон маълум аст ,ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар робита ба ин таҳлилҳо собит менамояяд, ки воқеан наҳзатиён боз меҳоҳанд аз нав иттиҳоди неруҳои мухолифинро дар хориҷ таъсис бидиҳанд ва зиёиёну фарҳангиёни бурунмарзӣ ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро тахти султони худ гирд оварад. Бинобар ин ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо устодони кафедра  бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *