Изҳороти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти пасипардагии ТТЭ ҲНИ ва дигар созмону ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври мушаххас дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта,  моҳи сентябри соли 2015  фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд.

Хиёнату фиреб ва амалҳои ҷинояткоронаи ин ташкилоти террористи-экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат бо сарпарастии хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.

Маҳз наҳзатиён дар солҳои 90-ум сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ, пароканда  шудани халқӣ азияткашидаи  тоҷик гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдори якпорчагии Тоҷикистони азизамон замоне буд, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ худро пуштибон меҳиобиданд. Аммо динро  ниқоб намуда ба таври руякӣ амал карда, ақидаи аҳли ташайюъро ба гумроҳи пиёда месохтанд.

Душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасос ҳамеша бар сари мардуми мо санги маломат мезананд. Бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурўғро паҳн карда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкардаи худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба хоку хун оғўшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро сарсону саргардон кунанд. Имрўзҳо ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ гашта, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон медиҳанд. Онҳо мехоҳанд, ки боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд.

Имрўз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон барад.Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муқобилияти беамон бурд.

Муборизаи ҳар як узви ҷомеа ба муқобили терроризм ва экстремизм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи  Сарвари давлат ва Ҳукумат  дастгирии  насли наврас ва  ҷавонон буда, барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо  қувваи худро дареғ  намедорад,то он и ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *