ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗИ ДИС ДДТТ НИСБАТ БА ИНСОНИЯТ ХАТАР ОВАРДАНИ АМАЛҲОИ СОЗМОНҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТТЭ ҲНИ

Душманони миллату меҳани тоҷик, аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ бо суханони бемантиқонаю беасос ҳамеша бар сари мардуми мо санги маломат мезананд. Бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурўғро паҳн карда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкардаи худ тавонистанд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба хоку хун оғўшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро сарсону саргардон кунанд. Имрўзҳо ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ гашта, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон медиҳанд. Онҳо мехоҳанд, ки боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, дар шаҳри Берлин бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро ташкил кардаанд, Натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд.

Бо вуҷуди ин, террористону экстремистони наҳзатӣ, ки душманони ашадии Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванду аслан озод будани инсонро ҳамчун арзиш қабул надоранд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол овардан бамаврид аст,ки онҳо чун террорист аз нафароне, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд даст ба ҷинояти бераҳмона куштани одам ва созмон додани ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони мақомоти қудратӣ зада буданд, дифоъ намуда, чунин ваҳшоният ва даҳшати зиндониёнро ҳодисаи хубу хуш муаррифӣ кардан мехоҳанд. Дар иртибот ба ин, қайд крдан зарур аст,ки дар сомонаҳои ифротӣ «Эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расида буд, ки мардумро ба митинг даъват намуданд. Ин амал, бозиҳои навбатии ТТЭ ҲНИ бо пуштибонии  созмонҳои хориҷӣ  аст ва мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ки ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳдиҳандаи Олмон бо ин роҳ такмил кунанд.

Бозҷӯйиҳои нав бар онанд, ки амволи М. Кабирӣ ба маротиб болотар аз он будааст, ки 3 млн. доллар, ки аз он 1,2 млн. доллар барои ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 будааст. Ин бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз бозору хонаву дар ва автомошинҳо, танҳо дар хориҷа, арзиши хонаҳои истиқоматии ӯ ба 10 млн. доллар мерасад. Заминҳои нави лалмӣ ва обии ӯ маълум шудаанд ва барои мусодираи онҳо иқдом сурат мегирад. Чор зани ғайриникоҳии ӯ ошкор шудааст ва маълум мешавад, ки амволи ин раҳбари нафсбедори наҳзатиро соҳибӣ мекардаанд. Парасторони хориҷии ӯ ба миқдори миллионҳо доллар барои ноором сохтани Тоҷикистон ба ӯ сармоя додаанд.

Аллакай тамоми кишварҳои Аврупоӣ аз шаклу шамоил ва рафтору кирдори намояндагони терроризми байналхалқӣ, чун ҲНИ ба пуррагӣ безор буда, онҳоро тамоман чашми дидан надоранд. Воқеан ҳам, имрўзҳо на танҳо давлатҳои аврупоӣ, балки мамолики мусалмоннишин ҳам, ифротиву таҳрибкоре, чун намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро хеле хуб дарк кардаанд.

Мо омўзгорони кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ дар интиҳои изҳороти хеш бо назардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ карда, ба хоинону ватанфурўшони миллат таъкид менамоем, ки имрӯз шумоён дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ Ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта, фикр намесозед, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳ гум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро ба вартаи ҳалокат равона сохта истодаед! Охир модарон ба сад умеду орзу фарзанд ба воя мерасонанд, ки онҳо бо халқу Ватани худ хизмат намуда, дар айёми пири асои дасти онҳо шаванд. Шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред. Ҳоло вақт ҳаст, бинобар ин шуморо зарур аст, ки аз мардумони бофарҳангу ватандўсти кишарамон дарси ибрат гиред!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *