Изҳороти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ дар робита ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ

Мо, устодони кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ фаъолияти ТТЭ ҲНИ маҳкум менамоем. Сарварони ин ҳизби террористӣ дар Аврупо дар суханрониҳои хеш алайҳи кишвар суханҳои носазо гуфта, ба ин васила мехоҳанд дар Аврупо мақом ва ҷойгоҳ пайдо кунанд. Ҳамаи суханони онҳо дар бораи Тоҷикистон иғвоангезона садо доданд ва мардуми кишвар дигар фирефтаи афкори аҷнабиён нахоҳанд шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва арсаи байналмилалӣ обрў ва мақоми махсус дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлоли дар тамоми самтҳои хоҷагии мамлакат пешравӣ ва комёбиҳои назаррас мерасанд.

Аммо бархе аз душманони миллат ҳамаи ин ободӣ ва пешравиҳоро дида наметавонанд. Ба ин қатор ТТЭ  ҲНИ  ном бурдан зарур аст. Хиёнату фиреб ва найрангҳои ин ташкилоти террористию экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.

Инчунин ёдовар бояд шуд, ки ҳизби наҳзати ислом аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гардидааст.

Имрўз ҳар як нафар узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ муборизаи беамон баранд. Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд.

Мо ҷомеаи меҳнатии устодони ДИС ДДТТ фаъолияти террористии ТТЭ  ҲНИ – ро шадидан маҳкум мекунем ва аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки фирефтаи афкори бегонагон нагашта, барои ободии Ватан сарбаландона заҳмат кашанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *