Имрўзҳо хоинони миллат нисбати Ҳукумату роҳбарияти кишвари азизамон бо суханхои подарҳаво ва ҳангомаҳо ба қаҳру хашм овардани мардуми Бадахшонро кўшиш карда, нооромиро. овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Таъкидан ба хиёнаткорони миллат иброз медорем, ки амиқан мардуми шарифи Бадахшон бозиҳои навбатии ватанфурушони миллатро кайҳо боз дарк намудаанд. Дар ҳақиқат Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Бадахшонро мисли дигар мардуми кишвар ҳамеша дастгирию қадрдонӣ мекунанд. Бахусус дар замони истиқлолият барои мардуми Бадахшон дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Маркази исмоилия бунёд гардид, ки пайравонаш дар он озодона расму оини мазҳабии худро анҷом медиҳанд. Албатта ташвишҳои ахири Пешвои миллат беасос набуда, балки воқеъият доранд. Чунки дар рӯзҳои ахир воридоти маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварамон ба воситаи гурӯҳҳои ҷинояткор ба назар мерасанд. Инчунин яроқҳои ғайриқонунӣ дар дасти баъзе гурӯҳҳои сияҳкор дида мешавад, ки агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, ояндаи шуме барои мардуми кишвар, бахусус мардуми Бадахшон ба бор меорад. Бинобар ин, мардуми Бадахшон ин иқдомоти Пешвои миллатро дуруст дарк кардаанд, зеро тамоми талошҳои роҳбарияти кишвар баҳри пойдории сулҳу салоҳ ва ободии ин минтақаи дурдасти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.