Изҳороти кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ оид ба хатари ва нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ

Ҷавонони кишвар ҳидоятнамоеро, ки роҳбари давлат дар паёми хеш изҳор доштаанд, ҳамеша мақсаду мароми ояндаи худ қарор дода, ба иҷрои содиқонаи онҳо чун вазифаҳои муқаддаси кастиву инсонии хеш камари ҳиммат хоҳем баст ва барои гул – гулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд.

Аз ҷумла, теъдоде аз ҷавонони гумроҳзадаи мо ба сафи ДИИШ пайвастанд ва амалҳои бадкирдоронаи худро дар минтақаи марзӣ зери афкори ДИИШ содир намуданд, ки мо ин амали онҳоро шадидан маҳкум менамоем.

 Мо бояд шукронаи ана  ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва  ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл  баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои  нохуш оварда мерасонад. Аз воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки чандин нафар ҷавонони  тоҷикистонӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҷангида  ҳалок шудаанд. Пас вазифаи мо он аст, нагузорем, ки аз рӯи ин бадхоҳон ҷавонони мо ба чунин ҳолат расанд.

Мо бори дигар иброз медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *