Солҳои 2014 ва 2015 аъзоёни ҲНИ бо дарки хатогии худ гурӯҳ гурӯҳ ихтиёрӣ аз он хориҷ мегардиданд. Дар асл шумораи аъзоёни наҳзат ҳамеша аз будаш зиёд нишон дода мешуд. Баъзе одамон, ки пештар ҳамчун аъзои ҲНИ номнавис шуда будаанд, дар асл худашон хабар надоштаанд. Имрўзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди Анҷумани “озодандешо” ва дигар гурӯҳҳои пайдо шуданд, ки аз нооромии кишвари мо ҳарф мезананд. Мақсади чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ аз он иборат аст, ки миллати тоҷикро пароканда намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Худ дар ҳамин Ватан калон шудаву аз обу ҳавои он нафас кашида, имрӯз ба алайҳи он санги маломат мезананд. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрӯз бисёри аз чунин шахсон дастгир гардида, дар назди қонун ҷавоб дода истодаанд. ҲНИ дар амал нишон дод, ки як ташкилоти воқеан террористӣ ва тахрибгарест, ки бо дастури неруҳои манфиатдори хориҷӣ амал карда, мақсади ғасби ҳокимият ва бо зурӣ иваз кардани сохти конститутсиониро дорад. Дар солҳои навадуми асри гузашта ин ташкилот дар кишварамон ҷанги дохилиро роҳандозӣ карда буд. Бо дастгириии хориҷиён, ки ҳамагон кӣ будани онҳоро медонанд ва даст доштани ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, чун Кабирӣ ва пайравони ӯ аз босмачиву босмачигарӣ ҳарф мезананд пас мо мардуми тоҷик дар симои онҳо “Босмачиёни асри ХХI”-ро мебинему барояшон нафрат мехонем. Чунин шахсон фикр мекунанд, то охир ба мақсадҳои ғаразноки худ мерасанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти дуруғини ба ном Паймони миллӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки гӯё чанд неруи сиёсии мухолифро муттаҳид карда бошад. Аммо ин амалаш як қаллобӣ асту бас. Ин ташкилот дар байни муҳоҷирони тоҷикистонӣ ягон эътиборе надорад. Ҳатто созмони ифротии «Гурӯҳи 24», ки худро мухолиф меҳисобанд, ба он ҳамроҳ нашуданд. Мардуми кишварамон аслан ба он таваҷҷӯҳ надорад. Мо ҷавонон фидоии Ватан ҳастем. Тоҷикистон ободу дунявӣ хонаи муқаддаси мост. Шукронаи ободиву озодии диёрам. Шукронаи зиндагонии босаодати мардуми кишварам. Шукронаи онро дорем, ки мардуми соҳибфарҳангу баору номус ва ватандӯст дорем. Шукрона мекунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарам.