ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИ НИСБАТ БА АМАЛҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ -ТТЭ ҲНИ

Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 –ум барои мардуми сарзамини Тоҷикистон фаромўшнашаванда аст. Решаи ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ ин ба гуруҳҳои бо ҳамдигар зид ҷудо кардани ҷамъият буд. Чунончӣ, ҲНИ ақидаи худро ба ақидаи мазҳабӣ Имоми Аъзам муқобил гузошта диндоронро дар ду гурўҳҳои мухолифин ҷудо намуда, яке аз чунин қувваҳои ҷудоихоҳи рӯҳониёни бо идеологияи ваҳҳобӣ мусаллаҳ буданд. Аз ин кашмакашиҳо бадхоҳон дар навбати аввал олимон, нобиғаҳову ҷавонмардони миллат зарар дида, ҳаёти осоиштаи мардум зери хатар монд. Зиёда аз 150 ҳазор аҳолии осоишта кушта шуда, беш аз 1 млн мардуми осоишта муҳоҷир шуданд.

Имрӯзҳо аз ҳаргуна шабакаҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногун оид ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибонӣ мекунанд. Вале онҳо ин қадар бемағзу ғуломтабиат шудаанд, ки то ҳол бо фикру андешаҳои хоҷагони хориҷиашон ақидаронӣ менамояд. Ин равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад.
Замоне ки дар он зиндагӣ дорем, басо пуртазоду сермуноқиша аст. Аз ин рӯ, бе андешаи солим ва хиради воло умр ба сар бурдан мушкил аст. Инсон ва ҷомеаро воқеан ҳам ақли расо ва хиради воло аз ҳама гуна хатари даҳшатбору марговар наҷот медиҳад. Аз ин ҷиҳат устодонро зарур аст, ки барои тарғиби зидди терроризм дар байни донишҷўён мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намоянд. Умуман ҷавонони имрўза барои ҳимояи ватани соҳибистиқлоламон бояд устувор бошанд.
Имрўз дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта фароҳам омада, мардум ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкораи худ кўшиш ба харҷ оварда истодааст, ки фазои онро боз ҳам осоиштатар гардонад. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат ба сўи ояндаи дурухшону босаодат раҳсипор аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *