ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ МДТ ДИС ДДТТ НИСБАТИ АЪЗОИ ТТЭ ҲНИ ЁҚУБОВ ИЛҲОМ, КИ ҶИНОЯТКОР ТАҒОЕВ М.-РО ПУШТИБОНӢ ДОРАД.

 

Имрӯз ба ҷомеаи кушоди мо якчанд ашхосони ватанфурӯши бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд байни мардумони бофарҳангу худшиноси Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар зиддияту нифоқу кина барангезанд, ибрози ақида хоҳем намуд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки яке аз азъоёни ТТЭ ҲНИ бо номи Илҳом Ёқубов , ки дар якҷоягӣ бо маслиҳатҳои хоҷагонаш ҳадафҳои навбатии ғаразнокашонро амалӣ кардан дорад. Масалан , Ёқубов И. санаи 7марти соли 2020 дар шабакаи “Фейсбук“овозаҳо паҳн карда, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ ва “адолатпарвар”шуморида,  бо баробари ин ба Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қазоқистон нисбати ҷинояткор бо номи Муҳаммад Тағоев, ки бо сабабҳои муаяйн  аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қазоқистон дастгир шудааст, барои  “мусичаи бегуноҳ “ нишон додани ҳаммаслакаш  мактуби расмӣ  ирсол намудааст. Савол ба миён омадааст, ки чаро, маҳз Муҳаммад Тағоевро мақомоти ҳифзи хуқукӣ ҷумҳурии зикршуда дастгир намуд. Ба ин суол ҷавоб додан ягон мушкилӣ надорад. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Қазоқистон чун яке аз давлатҳои пешқадаи демократӣ, ҳуқуқбунеёд ва дунявӣ дар байни ИДМ обрую эътибори хоса дорад. Бинобар ин доир ба ҳабси Тағоев М. ягон шубҳае нест. Вале, боиси таассуф  аст, ки оид ба  миллати мо чӣ гумон мекунанд!

Бо баробари ин бояд қайд кард, ки садҳо шаҳрвандонамон дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон муқимию муваққатан иқомат дошта, имрӯз бо рафтори намунавӣ сарбаландона кору фаъолияти соҳаи мухталиф, аз ҷумла, бо тиҷорат машғул ҳастанд ва онҳо чун шахсони ватандӯст обрую нуфузи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта истодаанд.

Вале, баъзе ашхосон ба мисоли Ёқубов Илҳом, ки роҳи гурезро пеша карда, имрӯз дар аврупо паноҳ ёфта, боз бо бозиҳои найрангии навбатиаш, аз ҷумла, бо мақсади ба Тоҷикистон  истирдод (экстредиция) накардани шахси ҷиноятпеша Тағоев М.-ро пуштибонӣ карда истодааст. Сабаб дар чист? Дар он аст, ки дар ҳолати ба Тоҷикистон истирдоди  ҷинояткор Тағоев М. айбу корҳои номатлуби аъзоёни ҲНИ фош хоҳад шуд.

Аҷиб он аст,ки Ёқубов Илҳом худро худсарона чун роҳбари “Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ” муаррифӣ карда истодааст. То ин дам нисбати ягон муҳоҷирони оддии кишварамон ҳарфу сухане накардааст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳақиқатан Ёқубов Илҳом яке аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад. Мо итминони комил дорем, ки чун мардуми кишвари соҳибистиқлоламон  мақомоти дахлдорӣ Ҷумҳурии Қазоқистон низ  хулосаи худро нисбати Ёқубов Илҳом хоҳад дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *