Изҳороти кафедраи математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба эътилофи “Паймони миллӣ” ва ТТЭ ҲНИ

ТТЭ ҲНИ, ки хост барои ҷомеаи ҷаҳонӣ худашро нек карда нишон диҳад, ба ном эътилоф ва ё худ «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис дод ва роҳбарии ин паймон ба зиммаи Кабирӣ М. гузошта шуд. Санаи 18-уми январ ў дар шабакаҳои интернет гуфтугӯи мустақим баргузор кард. Дар ин гуфтугӯ ҳам ҳамон чизҳоеро, ки дар ҷаласаи Варшава доир ба босмачиён баён дошта буд, изҳор кард.

ТТЭ ҲНИ боз ҷангҷӯй ва беимону бефарҳанг буданашро нишон дода истодааст, оё ин ҳизб нест, ки аз будани худ сӯйиистифода намуда ба сабру таҳаммули мардуми кишвар бо ҳар гуна дасисабозиҳо дахолат намуда, мардуми гумроҳро ба хунрезиҳои нав, интиқомҷӯйиву бесарусомонӣ, бо таҳдиду фишорҳои динӣ гӯё мусулмонӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намуда, сабабгорӣ беооромии кишвар гардидааст, чӣ хел нодида гирем.

Имрӯз баъзе мардуми бесавод  бо риш мондану ба тан сатр гирифтан ин мусалмонӣ комил будани худро гӯё нишон медиҳанд, ба ваъдаҳои росту дуруғи ТЭТ ҲНИ бовар мекунад, ба ҷои ин, ки ба Худо бовар дошта бошанд, мутаасифона Худои худро дар симои наҳзатиҳои пастфитрат ва бадахлоқон мебинанд. Ин мардум намефаҳмад, ки зери коса нимкоса ҳасту ҳамаи ин “дилсӯзони ислом” барои мансабу барои ҷой  мехоҳанд бо ин роҳ осоиштагии мардумро барбод диҳанд.

Мақсади ин нафарон, ки бо супориши махсуси хоҷагонашон иҷро мекарданд, беобрӯй кардани давлат ва Ҳукумати кишвар, бор кардани тӯҳмат бар сари олимони воқеан ҳам диншиноси тоҷик мебошад.

Мутаассифона, тарғибгарони ҳаракатҳои экстремистӣ маҳз бо такя ба унсурҳои динӣ ҷалби ҷавонони соддаву зудбоварро роҳандозӣ мекунанд.  Барои амалӣ шудани максадҳои нопоки худ  бо қатлу ғорат рўз аз рўз кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки  ин бо дини мубини ислом ҳеч робитае  надорад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Ба умеди хоҷаҳои хориҷӣ нашавед, тафриқаандозӣ накунед ва ба хотири маблағи ночиз (ҳаром) номуси ватандории худро нафурўшед ва ба ин Ватан, ба ин сарзамин хиёнат накунед».

Ин насиҳати Пешвои миллатро ба гӯши ҷон қабул карда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нахоҳем шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *