Аз охирҳои соли 2015 то имрӯз қисме аз собиқ раёсат ва аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз ҷавобгарӣ ва ҷазои ҷиноятӣ барои амалҳои нангини содирнамудаашон саркашӣ намуда, дар хориҷи кишвар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ паноҳ мебаранд ва сӯи мо тоҷику тоҷикистониён кинаву маломат ва сангпартоӣ менамоянд, ки ин амали ноҷавонмардона ва нобахшидании хиёнаткорони ватан мебошад.
Иғвою дасисаҳои ин хоинони миллат аллакай ба дили халқу миллат ва мақомоти давлатии мо задааст ва аз онҳо ҳамеша тарғиби ғояҳои террористию экстремистии худро мехоҳанд идома бахшанд.
Аъзоёни собиқ ҲНИ, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноят дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доранд, гунаҳгориашон исбот шудааст, бояд ҷазои худро гиранд. Раёсати ин ҳизб дар давраи фаъолият ва баъд аз он ҳеҷ гоҳ дар ғами ободии ватан, ҳатто аъзоёни худ ҳам набуданд ва намебошанд. Ҳадафи асосии онҳо ноором намудани ҷомеа, тафриқаандозӣ, мансабталошӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷиашон мебошад.
Барои ифротӣ будани ақидаҳои сарвар ва аъзоёни раёсати собиқ ҲНИ дигар далелҳои иловагӣ ҷустан шарт нест, аз мазмуни баёнияҳо, изҳорот ва баромадҳои онҳо инсони солимфикр хуб дарк менамояд, ки мазмуни иртиҷоӣ, ҷудоиандозанда, фитнаву ғараз, таҳдиди рӯирост нисбат ба сохти конститутсионии давлат, таҳқири шахсони воломақоми давлат ва даъват ба амалҳои террористию экстремистиро дорад.
Мо имрӯз шоҳиди нооромию хунрезиҳо дар Сурия, Ироқ ва далватҳои ҳамҷавори онҳоро мебинем, ки террористон ба хок яксон намуда, мехоҳанд аз давлатҳои мусулмонӣ «давлати исломӣ» созанд, ки ба ақли солим рост намеояд. Ин ҷоҳилон бозича, фирефтаҳои абарқудратҳову хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд ба истиқлолияти давлатҳои номбурда, ки сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мӯътадил доштанд рахна андохта, давлатҳои мусулмониро ба сатҳи нобудӣ расонанд. Бояд таъкид сохт, ки фаъолияти ин террористон, аз ҷумла наҳзатиён на ба манфиати мусулмонон балки ба муқобили онҳо равона карда шудааст.