Бархе аз ифротгарон мехоҳанд бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Бисёр шигифтангез аст, чунин афрод зомини марги ҳазорҳо шаҳрванди бегуноҳи кишвар шуданд ва хиёнат ба Ватан ва мардуми он карданд. Онҳое, ки солиёни дароз бо дасисабозову гумроҳкунии мардум даст заданд, ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат карданд. Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроти номатлубро мушоҳида намудан мумкин аст. Ин падидаҳои номатлуб барои мардуми азияткашида, сулҳдўст ва ватанпарвари тоҷикшинос буда, баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ бо ин зуҳуроти номатлуб рўбарў гашта аз «шарбат» -и он чашида буд , ки он ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Сухан дар бораи ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 меравад, ки имрӯзҳо дар хориҷи кишвар ба ҳар гуна дасисаву бадгӯиҳо нисбати ватану миллат машғуланд. Ин рафтори онҳоро ҳеҷ кас намебахшад. Ба гуфтори онҳо ҳеҷ кас эътибор нахоҳад дод ва умуман бас аст ин ҳама тафриқаву ҷудоиандозӣ ва бадгӯиву бадандешӣ!
Хушбахтона, давлату миллати мо тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосирро, хусусан ифротгароии диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср аҳли ҷомеаи башарро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намуда, барои мардуми сайёра таҳдидҳои нав ва сангин эъҷод мунамояд. Имрўз зарур аст, ки нисбати ин гуна гурўҳҳо ва ҳаракатҳои террористию ифротгароиҳо, ки аз тарафи баъзе аз давлатҳои абадқудрат ташкил шуда сармоягузорӣ карда мешавад ва истифода аз дини мубини ислом, ки оини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезанад, хуни ноҳақ мерезад ва ормию осоиштагии мардумро халалдор месозад муборизаи оштинопозир бурдан лозим аст.
Мардуми ватанпарасти мо тўли солҳои пур аз ошебу фарози истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ борҳо бо чунин гирудорҳои сиёсӣ бархўрд кардаву паёмадҳои чунин фитнагариҳорооянданигарона дарк мекунад. Аз ин рў сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда намегузорем, ки дигарбора вазъияти ороми кишвар ноором гардад.