Созмони бонуфузи САҲА муроҷиату дархостҳои миллионҳо нафар модарону духтарон, ҷавонону сокинони Тоҷикистони биҳиштосо, ки бар зидди ТТЭ ҲН мебошанд ва амалҳои ғаразноки ҳизби наҳзати исломиро дар хотир доранд ва ё кирдорҳои онҳоро маҳкум мекунанд нодида гирифта, барои ин террористон дар баргузории нишастҳояшон иҷозаи вуруд ва ҳақи сухан гуфтан медиҳанд, ки амал барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таасуфовар аст.
Мо, омўзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамагуна фаъолиятҳои пасипардагии ҳизби экстремистӣ ва террористии Наҳзати ислом ва тамоми гурўҳҳои тундрав ва ифротгароёнро маҳкум намуда, андешаҳои хешро иброз медорем.
Мусаллам аст, ки гурўҳҳои мухталифи ифротгарою тундрав, аз қабили ТЭТ ҲНИ солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, паси парда нақшаҳое таҳия намуда буданд. Ва барои амали намудани нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Онҳо мехостанд ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро сарнагун созанд. Қайд кардан бамаврид аст,ки дар давраи Истиқлолияти давлатиамон борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуда, ниҳоят соли 2015 амали анҷомдодаашон чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба ҳамагон ошкор шуд. Вақт собит намуд, ки ҳизби номбурда қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт . Бо ибораи дигар ин ҳизб бо вучуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд. Мо омўзгорон таъкид аз рафтору кирдори ин шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткор аз арзишҳои дини мубини Ислом сўистифода намударо, ки боиси ба ризқи мардум зомину ҷону номуси мардум таҷовуз карданд бори дигар ёдовар шуда маҳкум менамоем. Алҳол Ҳизби экстремистӣ ва террористии Нахзати ислом баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурўҳҳои ифротии муқими хориҷа, дар андешаи ноором кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Хулоса, мо омўзгорони кафедра ба вайронкорӣ ва ҳадафҳои нопоки ТЭТ ҲНИ бо номуси тоҷикона, ифтихор аз марзу буми муқаддас бо маърифати созандагиву бунёдкорӣ, пойдории субот ва рушди рўзафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеъаи худ саъю талош варзем. Истиклолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тули ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидшти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рў, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсиро такқозо менамояд. Мо бояд ватандори ҳақиқи будани худро собит карда тавонем. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масоили матраҳшуда ҳар як фарди ватандўст бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро сарбаландона иҷро хоҳем намуд.