Доир ба навори аз шабакаи давлатии телевизонии «Тоҷикистон» бо номи «Решаҳои ноаён»-и дар шоми 18 июн намоиш додашуда оид ба нақл ва эътирофи Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар бораи ҳамкорӣ ё амалҳои ҳамҷояи ҲНИ (ҳизби наҳзади исломӣ) зери сарпарастии хоҷагони хориҷии онҳо ба монанди Эрон, ки маблағгузори он ҳисобида мешудааст, нақшаи ба миён овардани боз табаддулоти сиёсиро дар солҳои 2020 тариқи аз нав тавлид намудани ҲНИ, ки ҳизби террористи ҳисобида мешавад, гўё ба миён оварда мешудааст.
Албатта, аз тамошо ё ҳарфони чунин шахсони бадкор, барои шахси солимфикр, худогоҳу ватанпарвар, пеши назар ҳамон манзараи даҳшатвори солҳои ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандии Тоҷикистон меояд, ки асосгузорони он хоҷагони хориҷии ҲНИ буда, бо дастгирӣ ё намояндагии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва инчунин эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба амал омадааст. Маҳз, дасти чунин шахсон буд, ки ҷанги даҳшатвори шаҳрвандии солҳои 90-уми садаи бист, хону мони миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро сўхта, овораву бенишон гардонид. Хисороти калони иқтисодию маънавиро дар ҳаҷми милиардҳо доллар ба иқтисодиёти кишвар ворид сохта, пароканда гардидани сохтори иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва идоракунии давлату давлатдории ҳамонвақтаро ба амал оварда, таъсири бади худро ба наслҳои имрўзу оянда гузошт.
Чуноне, ки дар навор эшони Қиёмиддин тасдиқ менамояд, нақши бади ў маҳз, дар боварӣ ва даъватҳои ноҷои ў зимни майдоннишиниҳо ва даъвати мардум муқобили давлат ва ҳукумат мебошад, ки бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии онҳо, ки ҲНИ намояндаги менамуданд ба амал омадааст. Бинобар он, эшон барои чунин кирдорҳои баду нопоки худ аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳи менамояд.
Чӣ тавре дар урфият мегуянд «Тири рафта бар намегардад». Аз ин рў, он даҳшат ва бори гароне, ки барои хонумонсўзсозии мардум, талафоти ҷонӣ ва маънавии миллати тоҷик ва Тоҷикистониён зери ливои ҲНИ ба миён оварда будаанд, ҳеҷгоҳ фаромуш на хоҳад шуд. Баракс миллати тоҷик, ки дар масири таърих аз чунин талошоти аҷнавиён ва хоинони миллат борҳо ситам дидааст, зери ливои сулҳу ваҳдат ва дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъ гардида, бар зидди чунин хоинҳои миллату давлат муборизаи пайваста мебарад.
Имрўз, агар мо қадри сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллии худро надониста, дар тақдири ояндаи худ ва миллати хеш беғаразиро пеша созем, пас ҳаракатҳо ва даъватҳои ноҷоӣ чунин хоинони миллат, ки ҳадаф ва ғарази нопоки худро мехоҳанд байни мардум пиёда созанд, ривоҷу равнақ меёбад.
ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ, ТАҲЛИЛ ВА АУДИТ ОИД БА ФИЛМИ “РЕШАҲОИ НОАЁН” ВА АНДЕШАҲОИ САИД ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ
Аз ин рў, ҳар яки моро зарураст, ки ҳамчун шаҳрванди содиқи Тоҷикистони азиз, ки дар фазои сулҳу субот гул гул шукуфтаистода, шўкуфоии он оташи хашму нафратро дар дили нопоки хоинони он фурўзон месозад, бар зидди душманон муборизаи мутташаккилона барем. Нагузорем, ки чунин ақидоти носолим дар байни мардум ҷой гирифта, фишанги пиёдасозии ҳадафҳои нопоки хоинҳои миллат гардад.