Мо баъди тамошои филми “Хиёнат” ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат душманону бадхоҳони миллату давлат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чҷ қадар даст ба аъмоли ношоиста задаву кишварро ба гирдоби бало афкандаанд.
Силсилафилми “Хиёнат” барои мо аҳамияти калони тарбиявию таърихӣ дорад. Созандагони он бо факту рақамҳо исбот кардаанд, ки ваҳдати миллӣ, қувваи ягонагӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ободу озодии давлати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин карда, ватанро бо Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо қуллаҳои баланди инкишоф мерасонанд. Филми мазкур шояд чашми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалие, ки ба ТЭТ ҲНИ, паймон ва дигар душманон ёрии ҳаматарафа мекунад, кушояд. Зеро хиёнати онҳо ба таъмини бехатарии ҷаҳон ҳам зарар меорад. Мо устодони кафедра имрӯз мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид менамоянд, омода ҳастем.
Таърих гувоҳ аст, ки замоне халқи тоҷик дар ватанаш беватан буд, гуреза буд, сарсону саргардон, гушнаю ташнаю дар ба дар буд, дар вуҷудаш тарс дошт. Тарс аз марг, аз гушнагӣ, тарс барои аз даст додани фарзанд дошт. Бародар хуни бародар мерезонду падар бо писар душман буд ва модаре аз фарзандаш ҷудо. Бале, ин нобасомониҳои давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд, нафароне, ки ба хушбахтии миллату давлат бо чашми ҳасодат менигаранду аз пайи хароб кардани ободӣ мешаванд. Ин гуна ашхос баъди фурӯ рафтани ҷанги шаҳрвандӣ низ ором нанишастанд ва дубора хиёнат, ҷаҳолат, разолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд, ки имрӯз баъди тамошои филми мустанади “Хиёнат ” саросари Тоҷикистон аз ҳамаи ин ба хубӣ огоҳ гардид.