Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳи инноватсионии ДИС ДДТТ доир ба дасисабозӣ ва фитнагарии Муҳаммадиқболи бешараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ

          Мо устодони кафедра тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки яке аз пайравони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ, хоини ватанфурӯш Муҳаммадиқболи САдриддини бешараф  бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияш дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои ноором намудани авзои дохилии Тоҷикистон ва бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна усули муқовимат ва методу фишангҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои ғаразолуди худ талоши беҳуда дорад.

            Агар ба фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин аз ибтидо чашм бидӯзем, дармеёбем, ки мавсуф дар ибтидо аз муболлиғони ғояҳои ифротии салафия ва афкору ақидаи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” буда, дар ин ҷода даҳҳо ҷавони тоҷикро ба эмиссарҳои Абубакри Бағдодӣ дар ивази беномусии худ фурӯхтааст. Инчунин мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз тасдиқ шудани амалҳои хиёнаткорӣ ва бешарафии М.Садриддин имрӯзҳо тариқи барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисабозӣ ва фитнагарӣ машғул буда, бо ин васила хуро мусуичаи бегуноҳу диндор ҳисобида, бешараф  набуданашро исбот карданист. Ҳол он ки бешарафии М. Садриддин аз ҷониби кумондонҳои афғонӣ, аз ҷумла бо номи кумондон Fулом бо далелҳои раднашаванда аёну исбот шудааст, ки мо дар филми мустанади Хиёнат қисми 7-уми он бо номи Бешарафӣ огаҳ гардидем. Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки имрӯз Муҳаммадиқболи Садриддин бе ягон шарму ҳаё тариқи расонаҳои хабарӣ баромад карда истодааст. Масалан ӯ санаи 7 июли соли равон чун тӯтии сухангӯ ва миссионери салафимаслаки ТТЭ ҲНИ дар шабакаи иҷтимоӣ доир ба масоили ақоиди ботил ва зидди фарҳанги тоҷикиро рангу тобиши “динӣ” дода, барои фиреби чашми мардум, ба суолҳои қаблии омодакардаи ҳаммаслаконаш оид ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, нисбати фаъолияти имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар ва мақомотҳои қудратӣ посухи бемантиқ дода, суханҳои беасоси сафсаташро идома дода, чун барномаҳои қаблиаш дастовардҳои кишвари азизамонро нодида мегирад. Муҳаммадиқбол дар рафти баромадаш ба суоли як афроди муҳоҷир, ному насабаш номаълум посух дода, нисбати мӯҳоҷирон меҳантӣ ва ба ҳабс афтодагон (зиндониён)- ро пуштибонию “раҳмдилӣ” намуда, бо ин амалаш онҳоро бо нором сохтани вазъи имрузаи сиёсии кишвар даъват намуд. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки М.Садриддин, умуман пайравони ТТЭ ҲНИ орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошанд. Бо баробари ин бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи гуфтору рафтори разилонаи Муҳаммадиқболи бешараф мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад.

       Хотиррасон менамоем, ки мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат, бахусус бешарафии Муҳаммадиқбол огаҳ гардида, имрӯз аз дирӯза дида дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯши бешарафи таҳрибкор муборизаи беамон бурда истодааст ва ҳоҳанд бурд!

       Мо устодони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш бори дигар Муҳамадиқбол ва Кабириро ёдрас мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!  Ва даъват ба амал меорем, ки хиёнаткори миллат – Муҳаммадиқболи бешараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисабозӣ ва фитнагарии худ нисбати Тоҷикистони азизи мо сухан гӯяд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *