Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ  доир ба суханҳои иғвогаронаи Мирзои Салимпур

 

         Мо омӯзгорони кафедра аз шабакаи Интернетӣ оид ба суханҳои иғвогаронаи  Мирзои Салимпур огаҳ шуда, зарур донистем, ки доир ба он мулоҳизаҳои худро иброз намоем. Таҳлилҳо собит месозанд, ки М.Салимпур бо суханҳои бардуруғу бемантиқу беасос худро «озодандешу адолатпарвар» нишон дода, хешу таборашро ба сиёсат ҳамроҳ кардааст. Наход акнун кори миллат то ҷое расида бошад, ки як хоин ва афроди бегона аз ҷавҳару арзишҳои тоҷикӣ худро «адолатхоҳ» муаррифӣ кунанд? Савол ба миён меояд, ки худи Салимпур кист? Мардуми Тоҷикистон оё ӯро мешиносанд?  Ба ин суол бояд чунин посух дод, ки ин нокас берун аз ҳудуди Тоҷикистон иқомат дошта, худ бехабар аст, ки ба доми найрангӣ ва лӯхтакбозиҳои сиёсии ҳоҷагони ҳориҷӣ афтода, ғуломи назҳатиён гардидааст. Таъкидан Салимпурро хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад.Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо номбурда ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надорад ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории М.Кабирӣ ва манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.Ҷои таассуф аст, ки ному симои зикркардагон ҳамчун хиёнаткори халқу ватан ва ҳамчун бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд.

Хулоса, ҳадафи асосии мо он аст, ки ҷавонон худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиа шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.

Боварӣ дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории Истиқлолият, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *