Изҳороти  кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба хатари ифротгароӣ ва таъсири он ба ҷавонон

 

Дар замони муосир мо – сокинони сайёра, гоҳ-гоҳ калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро мушоҳида мекунем.Намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони камбизоат, бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Дар забони илмӣ ва расонаҳои ахбори омма тундгароиро радикализм, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Терроризм амнияти кишварҳоро таҳдид мекунад. Сабаби марг ва бесарусомониҳо мешавад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд кардаанд: “Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин зуҳурот комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Баъзан ифротгароӣ тафаккури шахсии инсон мебошад ва агар шахс ин тафаккурро ба дигарон бор кардан хоҳад, ин ба тундравӣ мубаддал мешавад, зеро ӯ мехоҳад бо зӯрӣ ҳам бошад, тафаккури ӯро дигарон низ эътироф кунанду аз рӯи он амал намоянд. Ӯ ба таври қатъӣ талаб мекунад, ки ҳама аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал кунанд ва тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид мекунад, ҳатто метавонад аз зӯроварӣ истифода кунад. Бо чунин фикру ақидаҳояш ифротгар оҳиста-оҳиста аз ҳама дур мешавад ва дар дил нисбати ҳама кинаву нафрат пайдо мекунад ва бо мурури замон ӯ бераҳмиву зӯровариро раво мебинад. Ифротгарони динӣ хеле зиёд мебошанд. Онҳо ақидаву фаҳмишҳои хоси худро доранд ва ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамагон аз рӯи ақидаҳои онҳо амал кунанд. Масалан, тарзи либоспӯшӣ, намозхонӣ, ба эътибор нагирифтани мавқеи занон, ҳамеша ба ҳамагон бо чашмони шубҳанок нигаристан ва ғайра. Ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар боло зикр шуд, дорои хусусияти ифротгароии динӣ мебошанд ва ҷавонони ба дин майлдошта бештар шомили онҳо мегарданд. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Аз ин ҷиҳат омӯзгоронро лозим аст, ки барои тарғиби зидди терроризм нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни донишҷӯён чорабиниҳо баргузор намоянд. Аз ҳама муҳим ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти Ватани азизамон ва бунёдкорӣ бояд ташвиқу тарғиб намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *