Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба амалҳои моҷароҷӯёнаи ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар

 

Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир  дар мамолики  Олмон -Дортмон ва шаҳри Варшаваи Лаҳистон масъулини ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки баъзе аз кишвархо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аз чумла,  қаблан Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери қаноти созмонҳои ба ном байналмилалию ҳифзи ҳукуқ ва озодиҳои инсон, ки хадафи аслиашон танҳо химояи манофеи кишвари муассис аст, минбархои таблиѓотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онхоро маблаггузорӣ мекунанд. Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ  нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд. Шахрвандони Точикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардида,  мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур  ба амал омада буд. Имрӯз он ҳама давраҳои  вазнин  паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *