Изҳороти кафедари математекаи олӣ ва тенологияҳои инноватсионӣ оид ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва ваҳшонияти гуруҳҳои террористию экстремистӣ

Имрӯз масъалаи “муносибати ислом ба терроризм” масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оиди ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки “терроризм” эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Шуури халқии исломӣ мусалмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми “ислом” аз калимаи арабӣ “салом” реша гирифта маънояш “сулҳ” мебошад. Дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд.

Экстремистони мазҳабӣ ҳуқуқу озодиҳоро маҳдуд мекунад ва ба конфессияи якдигарӣ таҳқирҳо мекунанд. Қуллаи баланди экстремизми динии муосир гузаронидани сиёсати тарс ва террор мебошад, хосияти дигари экстремизми динӣ дар он аст, ки вай таасубро эҷод мекунад ва дар асоси он терроризм авҷ мегирад. Дар замони ҳозира ташкилотҳои динии экстремистию террористӣ дар ҳар як дин мавҷуд аст. Вай кӯшиш мекунад, ки олами динӣ ва дунявиро ба худ тобеъ кунад.

Экстремистон ва мутаасибони муосири динӣ ҳаракат мекунанд, ки идеяҳои мазҳабии худро ба гардани дигарон бор кунанд. Онҳо ҳаракат мекарданд, ки рақибони худро мағлуб кунанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нест кунанд, махсусан саҳми ташкилотҳои исломӣ дар ин бобат хеле калон аст. Агар чанде мегуянд, ки ислом дини сулҳпарвару таҳамулпазир аст, вале фаромуш набояд кард, ки олам имрӯзҳо маҳз аз таҳдиди исломгароён ранҷ мебаранд. Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрўз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмўъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад ва яке аз онҳо ташкилшавии «давлати исломӣ» дар ҳудуди давлатҳои Ироқ, Лубнон ва Сирия мебошад. Агар чанде онро ягон давлат эътироф накарда бошад ҳам алакай сохтори худро ташкил карда истоданд.

Вақте, ки ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро фаро нагирифтааст, бесаводӣ, гумроҳӣ, ифрот ва зуроварию терроризм ҷои онро пур мекунад.

Ҳоло имрӯз гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар якҷоягӣ бо «Толибон», «ҳаракати исломии Узбекистон» ва ташкилотҳои дигари террористӣ, ки байат(ҳамрайӣ, дастгирӣ)-и худро эълон карданд қобил аст муносибатҳои геополитикиро дар Осиёи Марказӣ тағйир диҳад ва вазъияти дохилии сиёсати мамлакатҳои ин минтақаро ноустувор гардонад. Аз рӯи манбаҳои гуногун шумораи размандагони давлати исломиро зиёда аз 30 ҳазор ва тарафдорони онҳоро зиёда аз 80 ҳазор ҳисоб мекунанд. Сину соли онҳо аз панҷсола боло сар мешаванд. Баъди ҳамроҳшавии толибон ба «Давлати исломӣ» роҳбари Ҳаракати исломии Узбекистон У. Ғозӣ гурӯхи худро ҳамчун як қисмати давлати исломӣ эълон кард.

Имрӯзҳо «Давлати исломӣ» нафақат ҷавонмардон, балки инчунин онҳо бачаҳои хурдсоли панҷсола ва аз панҷсола боло, занҳо ва калонсолонро низ дар ҷанг истифода мебаранд Махсусан Бачаҳои хурдсолро ҳангоми ҷазо додани рақибон дар сафи пеш мегузоранд. Онҳоро аз хурдӣ дар рӯҳияи бераҳмӣ, нотарсӣ ва одамкушӣ тарбия мекунанд. Дар қаламрави ин гурӯҳҳо чандин мактабҳо мавҷуд аст, ки барои тайёр намудани кори ҳарбӣ дарсҳо ва машқҳои таёрии ҳарбиро мегузаранд.

Қобили тазаккур аст, ки дар замони баромади ҷараёни тундгароии террористӣ ва экстремистӣ дар ниқоби дини мубини ислом, ки боиси паст задани арзишҳои фарҳангии он мегардад, дақиқу аниқ омӯхтани пайдоиш ва истисмори дини мубини ислом ва афкори мазҳабҳои он амри зарурӣ ба шумор меравад.

Гуфтан ба маврид аст, ки мо бояд ба қадри осудагӣ расем, соҳибистиқлолии ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие ба саҳна омада истодаанд, ки чун дар боло ишора рафт, дар амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷаҳонро нигарон кардаанд. Махсусан дар Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар карда истодаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *