Изҳороти факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ оид ба таъмини амният дар ВМКБ ва маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ

Кишвари азизамон, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асососгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат сулҳу оромӣ аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззами миллат нангу номус, тавоноиию хирадмандии худро аз тамоми манфиатҳои шахсӣ боло дониста, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошт.

Изҳороти  Ситоди байниидоравии таъмини амният ва пешравӣ  дар вилояти мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  баёнгари вазъи сиёсии тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, ки пеш аз ҳама барои таъмини оромию субот ва мубориза зидди ҷинояткориҳои муташаккил равона гардидааст.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймуъмин Ятимов ёдовар шуда иброз дошт “Ҳарчанд аксари сокинони ВМКБ маърифатпарвару самимӣ ва меҳмоннавозу меҳнатдӯстанд, мутаассифона кирдорҳои шахсони алоҳида аз қабили даст доштан дар гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ин мардуми банангу ори кӯҳистони тоҷикро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамояд”.  Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо кордонии кормандони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пеши роҳи чунин ашхос гирифта шуда, фазои сулҳу субот дар мамлакат зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абадӣ боқӣ мемонад.

Ахиран як гуруҳ саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо имзо кардан дар протоколӣ огоҳӣ таъкид намуданд, ки дигар даст ба ҷинояткорӣ намезананд, сарҳадро ғайриқонунӣ убур накарда, яроқу аслиҳаи мавҷударо ба мақомоти дахлдор месупоранд. Мо фаъолияти ҳама гуна гуруҳҳои ҷинояткорро, дар кадом гӯшаи кишвар набошанд, маҳкум менамоем. Бояд ба қонун эҳтиром гузошт ва ҳар кас ки даст ба ҷиноят мезанад ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Сафари кории Пешвои миллат ба Бадахшон пурсамару хотирмон буд. Дар солҳои соҳибистиқлоли ин гӯшаи афсонавии диёрамон хеле ободу зебо гардид ва оянда он ба як минтақаи сайёҳӣ табдил дода мешавад. Тибқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқшуда ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи Вазорату идораҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст.

Мо, аҳли ҷомеаи  факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии  ДИС  ДДТТ  аъзои ҷудонашавандаи ҷамъият мебошем ва бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии ҷавонон сарф намоем.

Мо боварӣ дорем, ки халқи сулҳпарвари  Бадахшон шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, баҳри сулҳу субот талош меварзанд ва намегузоранд ягон бадхоҳи миллат ва гуруҳҳои ҷиноятпеша даст ба аъмоли ношоиста зада, оромию суботи кишварро халалдор намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *