Изҳороти факултети математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба андешаву аъмоли бадхоҳони миллат

Мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд, мо ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Тавре аз вазъияте, ки аз ҷониби наҳзатиён дар кишвар ба вуқӯъ омада пайваста бармеояд, чанд нафар ба ном сарсупоридаи миллат чеҳраи воқеии худро нишон доданд, чанд рӯз оромии кишварро халалдор намуданд, гарчанде ки ҳадафи нопоки худро амалӣ гардонида натавонистанд. Аммо моро ҳамаи ин ҳодиса хеле ба таҳлука овард ва метавонем имрӯз муроҷиат намоем,  он нафаронеро ки то имрӯз мехоҳанд сохти давлатдориву конститутсионии мо аз байн равад, маҳкум менамоем, эшон ва мафкураи пасти онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирем, аслан тамоми мардум катъиян бар зидди онанд, ки кадом як нафари бенишоне аз дигар мамлакат миллати моро назорат намояд. Дар хақиқат чӣ тавр фаъолият намудани аъзоёни собиқ ҲНИ баръало эхсос шуд ва имрӯз онҳо аз он, ки дигар имкони фаъолият надоранд, ба ғазаб омада, бо ҳар гуна роҳ ва бо василаи ҳар касе ки дар ин ватан зисту зиндагонӣ мекунанд ва аз додани ахборот ба тарафи мухолифин мебошад, ки хиёнати бузургеро муртакиб мегардад. Ҳоло кишвари азизамон осуда асту рушд мекунад баромаданд ду-се нафар ки аз намуди давлатдории мо розӣ нестанду сохтори моро дигаргун мекунанд.

Дар «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»  оварда шудааст «…  ба сиёсати чавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир мегардад». Худоро шукр, ки мо соҳиби мустақилият ҳастем, Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхорихои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ин ғамхории ворисони арзандаи паҳлавонмардону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд, кӯшиш намуда тавре кор мекунем, ки барои анҷоми амалҳои мухолифӣ ягон асос намонад.

Аз ҷавонон даъват ба амал меовардам, ки эшон қаблан дарси хештаншиносиро биомӯзанд, то дар ниҳодашон худогоҳии миллӣ пайдо гардад. Пас он вақт метавонанд, ки аз худу ному нишони худ ва аз Ватани худ дифоъ карда метавонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *