Изҳороти Дилафрӯз Ҳомидова оид ба ТТЭ ҲНИ ва амалҳои бадхоҳонаи онҳо дар хориҷи кишвар

 

Мардуми тоҷик даҳшатҳои ҷанги таҳмилиро бо чашми сар дидаву оқибатҳои онро ба мизони андеша кашидаанд. Агар аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зиёда аз бист сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз таъсири манфии он ба пешравию иқтисодиёти кишвар эҳсос мешавад. Онҳое, ки ин воқеаҳои даҳшатборро дидаанду бо мурури замон таҳмил шудани афкори бегонагонро пиндошта, бародарро бо бародар ҷангандозӣ намуданашонро дарк кардаанд. Аз ин рӯ, намегузоранд, ки Тоҷикистони азизамон дубора ба доми оташ кашида шуда, майдони муборизаҳои сиёсии кишварҳои бартариҷӯяндаи олам гардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун буда, ба ақидаҳои ифротӣ наздик аст. Ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёсӣ ҳадафи дигаре надорад. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гумроҳ месозанд. Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Мебояд ҳар як фарди ҷомеаи муосир дорои ҳуввияти миллӣ, маърифатӣ ва ахлоқӣ бошад, ки аз паи сиёсати созандаи кишвараш роҳ паймояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *